Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ТаърихҚисса
Аз аввал хондан

мақсуди маро наздик, шоми торамро мунаввар мегардонад.

  • Ҳақ ба ҳақдор хоҳад расид. Баъди ҳар як шом саҳаре ҳаст, - шунид садои рӯҳи илоҳиро ва аз равзан ба само нигарист. Ахтарони шашшабапош чун манқали оташ дар ҳавзи сабзфоми само таҳ мешиштанд, хомӯш мешуданд. Ӯ болои ҷойнамоз ба саҷда бархост.

Субҳ дамид. Боз ҳавлии калони бобои Эшон серодаму сергалогула гашт. Одат шудааст, ҳар субҳ 60-70 тан муридон барои намоз ба масҷиди Ҳазрат меоянд, ҳатман баъди намоз наҳорӣ мехӯранду баъд бархе дар хизмат меистанд, дигарон паи кору зиндагӣ мераванд. Ҳар рӯз ба ғайри онҳо садҳо нафар гуруснагону мӯҳтоҷони дигар ба ҳавлии бобои Эшон ташриф оварда, тановул менамоянд. Муридону ҳаводорон, ниёзмандони дуъову сӯҳбаташон аз диёри дуру наздик, қисме аз Арабистону қисме аз мулки Афғон, бархе аз Бухорову Ҳисору Дарвоз назру тӯҳфаҳо меоваранд. Бобои Эшон аз рӯи одат молу гови омадаро худой карда ба халқ медод, молу манол, симу зарашро ба худи меҳмонон чун тӯҳфаву савғот мебахшид, то ҳадде, ки чизе намемонад.

Хотири мардум ин саҳар мисли абри боронии ноорому парешон метофт. Хабари шуми расондаи баъзе ҳангоматалабон табъи бошандагони деҳро муғашқаш, айшу оромиашонро халалдор сохта. Кулли муридону сӯфиён низ огоҳӣ доранду ҷуръати пурсидан намекунанд. Эшони Алааспа инро пайхас кард ва ба ҳозирон рӯ овард:

  • Бандагони Худо, ношукрии бархе сарварони халқ, носипосии бархе аз аҳли тақво, нотифоқии мардум ба
пешина
аз 176
навбатӣ