Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
Қории Даҳана низ яке аз шогирдони боғайрату хушзеҳни Ҳазрат ба шумор мерафтанд. Аз шафоъату файзи дуъову дуруди ин марди ғамхор низ бисёр маризони рӯҳӣ шифо ёфтаанд. Ҳангоми таҳсил ин ҷавони нобино назди Ҳазрат маҳбубияти волое доштанд. Дар лаҳзаҳои душвор бобои Қорӣ ҳампахлӯ ва мададгори Ҳазрат буд. Бобои Қорӣ бо чашми дил, бо чашми хирад оламро дарк месохт. Ӯ чунин нақл мекард:
- Ҳар гоҳе, ки бобои Эшон ёди пирашон Шоҳ Яҳсӣ менамуд, бо мо муридонаш видоъ карда, аспи алаашро савор шуда, баъди бомдод то пешин ба Бухоро мерасиданд. Оре, дар роҳи тариқат ба каромат шубҳае нест.
Ҳазрат дар адои аркони ислом хеле ҷиддӣ муносибат менамуданд:
- Сӯфӣ, муршид бояд ба халқи авом сахтгир, ҷиддӣ ва серталаб бошад, то фармудаҳояш ба иҷро бирасанд. Ҳар як ҳаракати бемаврид, сухани беҷо, нохалафаш қиммати суханашро коҳиш медиҳад, итоатгарону иродатмандонашро кам мекунад. Олимро нашояд, ки сафоҳат аз омӣ ба илм даргузаронад, ки ҳарду тарафро зиён дорад. Ҳайбати ин кам шаваду ҷаҳли он мустаҳкам:
Чу бо сифла гӯй ба лутфу хушӣ,
Фузун гардадаш кибру гарданкашӣ.
Пайваста мебояд омӯхт, зеро дониши бузург аз омӯзиши пайваста ба кас муяссар мегардад. Раҳи илм сабру субот мепарварад: «Андак-андак хеле шаваду қатра-қатра селе».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё