Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
Фармуданд: Бо нафси худ қаҳр кун ва аз Худо битарс, оби дида кун ва аз ҳаром худро нигоҳ дор.
Гуфт: Мехоҳам аз ҳама бузургтар бошам.
Фармуданд: Маргро бисёр ёд кун.
Гуфт: Мехоҳам сахтии ҷон додан ба ман набошад.
Фармуданд: Беморонро пурсида бош ва дили парешони эшон хуш кун.
Гуфт: Мехоҳам азоби гӯристон ба ман набошад.
Фармуданд: Либоси худро аз наҷосат пок дор.
Гуфт: Мехоҳам, ки халоиқ маро дӯст дорад.
Фармуданд: Забони худро аз дурӯғ гуфтан нигоҳ дор.
Гуфт: Мехоҳам ғазаби Худои таъоло бар ман набошад.
Фармуданд: Сертоъаткунанда бош.
Гуфт: Мехоҳам моли ман зиёда шавад.
Фармуданд: Бандагонро некӯ дор.
Ҳикояти дигар:
Рӯзе Расули акрам саллаллоҳу алайҳӣ ва саллам бо асҳоб нишаста буданд, аъробие даромада, гуфт:
- Ё Расулаллоҳ, ман аз раҳи дур омадам. Ба ман пандҳо кунед ва ман ба панди шумо амал кунам, то маро буроқи охират шавад.
Ҳазрати Расулаллоҳ саллаллоҳу алайҳӣ ва саллам гуфтанд:
-
Чӣ мехоҳӣ?
-
Гуфт: Мехоҳам, ки ҳамеша дар сӯҳбати Шумо бошам.
-
Фармуданд: Панҷ вақт намозро гузор, ҳамчунон бидон, ки ҳамсӯҳбати ман ва дар талаби Худо бошӣ.
Гуфт: Ё Расулаллоҳ, ман кохилнамозам.
Фармуданд: Аз кохилнамозӣ як моҳ рӯза дор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё