Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан
  • Чаро тезтар ҳамин розро ошкор насоҳтед, - гила кардааст Давлатманд ва ба хонаи мо хостгор фиристод.
  • Ман ба мири Балҷувон духтар намедиҳам, бе ин ҳам онҳо обу замини маро кашида гирифта буданд, - гуфт падарам ба хостгорон.

Маро ин ҷавоби падар безобита сохт. Ман ӯро чун ҷавони паҳлавон, ҷовандози номдори Сариҳосор мешинохтам. Баъзан ба довталабии ӯ дар майдонҳои гуштину пойгаҳҳои бузкашӣ аз Ҳиндустону Афғонистон паҳлавонон меомаданд. Ба падарам гуфтам:

  • Эй падари бузургвор, бе ҳамин ҳам душмании мову шумо кам нестанд, ки боз мири Балҷувонро ҳарифи хеш гардонем. Заминҳоятонро дигар мир гирифта буд, Давлатманд бошад нав ҳоким шудааст, одами саховатпешаву хайрхоҳ аст. Агар ҳокимони пешина берӯгӣ карда бошанд, айби ӯ чист?

Мӯйсафед сар ба гиребони андеша кашид.

  • Хайр бачам, ту медониву хоҳарат, - гуфт падарам, - охири ҳамин моҳҳои наздик тӯй мешавад.

Мӯйсафед ба аёдати хешовандон рафтааст, агар баргардад, дар бобати Ҳазрати Эшон машварат мекунем, аз натиҷааш шуморо огоҳ хоҳем кард. Ба фикрам медонед, ки Ҳалимамо як кӯдак дорад.

  • Медонем, аз худораҳмати Бойаҳмади писари Ашӯри амакатон, - гуфт Мулло Назар.

  • Бале, бечора ҷавонмарг шуд. Аҷаб бачайи худотарсу меҳнатӣ буд. Дар авлоди мо чун ӯ хеле кам аст, ана ху, ҳамон писарак фарзанди Бойаҳмад аст, - ишора кард туқсабо ба ҳавлӣ. Ба писарбачайи логарандоми нимбараҳнае, ки дар бар ҷелаки раҳ-раҳ дошт, бо як чӯби дароз гӯсфандҳоро аз дар берун мекард.

пешина
аз 176
навбатӣ