Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ТаърихҚисса
Аз аввал хондан

Ҳар як деҳа як колхоз шуд, сони ҳар се хоҷагии се Каримбердӣ муттаҳид гаштанд. Мардум дар кори хоҷагӣ паҳлӯи ҳам меҳнат намуда, якдигарро ба хубӣ шинохтанд, рафтуомад, хешу таборӣ пайдо гашт. Мо маҳз дар гуфтугӯҳо, шину хез ба бузургию фазилати маорифпарвару рӯҳонии поксиришт, ҳамсафу дӯсти Эшони Алааспа, яъне Мулло Қурбоналӣ ошноӣ пайдо кардем. Шахсан ман сахт ба он кас унс гирифта, муриду хизматгори дари ҳавлии ӯ гаштам. Ҳавлии Ҳазрат доимо серодам буд. Худораҳматӣ хеле саховатпеша буд. Ба моли дунё, чизи дунё, мансаб эътиқод надошт.

Дертар колхозҳоро муттаҳид намуда, хоҷагии моро ба ҳайати колхози ба номи С.М.Киров (айни ҳол ба номи Абӯалӣ ибни Сино)-и ноҳияи Восеъ шомил карданд. Мо аз фарзандони ин рӯҳониёни халқпарвар, асил, саховатманд миннатпазирем. Дасти кӯмаки набераи Эшони Алааспа Хайруллои Маҷид, писарони Махсуми Ҳабибулло генерал-майор Шарифхон Қурбонов, Аҳмадхон, Тиллохону Абдулло пайваста ба мо мерасад.

Имрӯзҳо номҳои фарзандони шӯҳратёри Каримбердии мо, шоирон Саидҷон Ҳакимзода, Фозил Салим, олимони намоён Ҳуснигул Талбакова, Шариф Комил, декани факултети филологияи ДДМТ Маҳмадюсуф Эмомов, собиқадори ВКД-и ҷумҳурӣ Садриддин Мирзоевро хурду калони вилояту ҷумҳурӣ мешиносанд, эҳтиром менамоянд.

Қувваталии Хушвахт,
Сокини деҳаи Каримбердӣ, нафақахӯр.

пешина
аз 176
навбатӣ