Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

ин мактабро хатм мекард. Писари Бобои Эшон Махсумҷон – Эшони Абдулмаҷидро дар ёд дорам. Дар Утункалъа мезист, баччаи Эшон гуфта беҳад таъқибаш мекарданд. Ба ёд меоварам, шабаки хабар омад, ки ӯро дастгир мекунанд, кӯчашро ба харҳо бор карда, ба Тоқакаппа овардем, ҳамроҳи бобои Аброр. Беҳад ҷавони зебо, хушгапу боакл буд. Саркор будам, рӯзе сари замин нишаста, чой мекашидам, ӯ меҳмон шуд. Чун пиёлаи пури чойро сӯяш дароз кардам, бо табассум гуфт:

  • Медонӣ ҳамном, ба марди деҳқон пиёларо лабрез намуда, чой нӯшидан, такя ба болиш намуда, нон хӯрдан иҷозат асту халос. Ба мо, ки бекорхӯҷаем, кам-кам бирезӣ, мешавад.

Алҳол ба хонадони ин марди шариф рафтуоду дӯстӣ дорам. Чанд сол пештар бо кӯмаки фарзандаш Хайруллоҷон ба зиёрати Хонаи Худо – Маккатулло мушарраф гаштам.

Ҳоҷӣ Абдулмаҷиди Саттор,
сокини шаҳри Кӯлоб

ПЕШВОИ МАРДУМ БУД

  • Ба дидори Эшони Алааспа кам расидаам. Падарамон аз боби бузургиву каромати ин марди фозил нақлҳо мекарданд. Рости гап гуруснагони он давра аз дари хонаи Эшон сер, фақирони лучу урён пӯшида, маризон шифо меёфтанд. Баъди ҳабси ӯ
пешина
аз 176
навбатӣ