Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа
Ёқуб чанд бор ӯро ба Кадуҷӣ оварданӣ шуд, аммо мардуми Каримбердӣ намонданд.
Махсум ҳам ба таълиму тарбияи ҷигарбандонаш аҳамияти хос медод. Самараи ҷаҳди ӯ, панду андарзи Мулло Қурбоналӣ - падари бузургвор, мадади рӯҳи ниёгони барӯмандаш кулли фарзандон соҳибилму соҳибҳунар ба воя расиданд. Аҳмадхон - иқтисодчӣ, чанд сол раиси Комбинати хӯроквории пойтахт буд, Шарифхон - ҳуқуқшинос баъди хатми ДДМТ аввал муфаттиши прокуратураи ноҳияи Марказӣ, соли 1998 ба вазифаи сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Соҳиби унвони генерал-майор аст, Абдулло - ховаршинос, ҷонишини Раиси иттиҳодияи таъмиру истифодаи мелиоративии шаҳри Душанбе мебошад. Тиллохон бошад ҳуқуқшинос аст, аз соли 1999 баъди хатми Донишгоҳ дар Прокуратураи ноҳияи Фрунзеи пойтахт муфаттиш аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё