Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

дарозе кашиданд. Дар ин миён апаамон Ойтилло ба шавҳар баромаданд. Акнун шахсе набуд, ки хизмати модари маризамонро ба ҷой биоварад.

Рӯзе модари маризамон падарамонро назди болинашон даъват намуда гуфтанд:

  • Махсумҷон, аз умри ман кам мондааст, фарзандонат аз бемодарӣ хор мешаванд, ягон касро хостгорӣ куну ба занӣ бигир!

Падарам ашк дар чашм ин хоҳиши ӯро рад сохтанд, аммо боз модарам ҳамон таъкидро карданд, зани кӯдакдор бигир, ки аз хотири бачаҳош меҳрубон бошад, - фармуд модарам ва чанд рӯз аз бистари беморӣ бархоста барои зангирии шавҳараш либосворӣ ҷамъ овард. Чун қола ҷамъ шуд, Махсуми Абдулмачидро сар карда, ба асп савор кард. Бо маслиҳату тавсияти модарамон ӯ ба духтари бобои Сайфиддини Ховалингӣ хонадор шуд. Мо бо он кас чанд сол зиндагӣ кардем, ки мисли модар моро меҳрубонӣ менамуд. Се фарзанд ёфт: Азизулло, Маҳмадулло ва духтарашон Ниҳоятулло.

Ёд дорам, вақте модарам аз дунё гузаштанд, тирамоҳ буд, то ҷанозахонҳо омаданд, ҷаноза карда майтро бардоштанд, торикӣ фаро расид. Тағоиҳоям Мулло Сайду Мулло Мӯсо барои фаровардани майит вориди гӯр гаштанд, шом фаро расида, дуруни гӯр торик буд. Онҳо чароғ талабиданд, то пеши пои худро бубинанд, лаҳадро биёбанд. То чароғ оварданд, ки тобутро сарнишеби чуқурӣ карданд, аз партави рӯҳи он кас гӯр якбора равшан гашт. То андозае, ки тағои Мулло Мӯсо овоз баровард:

  • Дигар зарурат ба чароғ нест, ина бубин. О, дар қудратат ҷонам, парвардигор! Дар арвоҳат садка, хоҳарам-е!
пешина
аз 176
навбатӣ