Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

ва аз эшон ба ҳазрати Халифа Абдусаттор қадасуллоҳ таъоло сирраҳу ва аз эшон ба ҳазрати Халифа Муҳаммади Солеҳ қадасуллоҳ таъоло сирраҳу ва аз эшон ба ҷониби матолиби вилоят ва султони тариқат ва бурҳони аҳли ҳақиқат ва аз эшон ба он ҳазрат низ ба ин афтода ба муҷарради иноят ба хизматгорӣ сарафрозӣ бахшиданд ва ин фақир низ ба айёми камолот китоби Халифа Мулло Муҳаймин Махдумро ба ҷиҳати он ки зуҳури иршоди ӯро ва иршод дар тариқи бидоят бинобар ин мавҷилаеро иҷозати таълими зикри тариқат дод, ки муаммои мазкури толибонро таълими зикри тариқат намояд. Ба шарти истиқомати дар суннати Ҳазрати Мустафо салаллоҳи алайҳи ва салам дар шарти адои муомироти шайх ва муҳаббати шайхӣ, муқтадии фиқаи аллоҳ субҳонаҳу аъло зикрун ассалоҳу аъло мани татаал ӯдо. Таммат. Санаи 1348.

Паи омӯзишу донишандӯзӣ шабҳоро саҳар мекард. Оҳиста-оҳиста муридону мухлисони зиёде пайдо менамуд. Махсуми Абдулмаҷид чун ҷади худораҳматиаш беҳад меҳнатдӯсту меҳмондор буданд. Як одати аҷибе доштанд, ки ҳеҷ вақт танҳо таъом намехӯрданд. Писарашон Махдуми Нурулло ин лаҳзаҳоро чунин ёдовар мешавад:

— Вақте таъомро меоварданду медид, ки ягон меҳмоне пайдо нагаштааст, сари роҳ мебаромад, ҳамсояҳоро чег мезад, роҳакиҳоро мегардонд, баъд нишаста хӯрок мехӯрданд. Модарам низ аз ҳад зиёд одами меҳмондӯст, порсову парҳезкор, худотарсу бомаърифат буданд. Аз дидори номаҳрам дурӣ меҷӯстанд, ҳарам менишастанд. Обу таъомро ба пеши меҳмонҳо, мо, фарзандон, мебурдем. То гӯселонидани онҳо оромӣ надоштанд. Баъдтар он кас бемории дуру

пешина
аз 176
навбатӣ