Зеҳн
Дарёи нур

Китоби мазкур қиссаи таърихӣ буда, ба рӯҳи ҳазрати Эшони Алааспа бахшида шудааст. Асар ба таърихи мардуми тоҷик ва шахсиятҳои маъруфи он бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 176 саҳифа

ҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

Ҳозирон бо навбат ба поён ба қаъри чуқурӣ менигаристанду гиребони ҳайрат медоштанд. Оре, фарди порсову покдоман, парҳезкору покандеш таҷаллигари анвори ғайбист ва дар ин боб ҳеҷ ҷои тааҷҷуб ва шак нест.

Баъди марги модари азизамон падарам бо завҷаи навашон чанде дар Тоқакаппа зиндагӣ карданд, сонии бо сабаби мушкилоти рӯзгор, гиру дорҳои навбатӣ ба маҳалли Оҳгазаи ноҳияи Вахш кӯч баст. Насиби обу нон будааст, ки дар он макон се сол зиёдтар иқомат кардем. Боз шогирдону мухлисон пайдо шуданд, он касро эҳтиром менамуданд. Аслан ман машку саводи нахустинро аз падарам гирифтам. Чун дилпур шуданд, ки хату саводи кофӣ баровардам, маро ба қишлоқи Тоскалъаи ноҳияи Восеъ ба пеши муриди бобомон, Шайхи варзидаву бомаърифат домулло Мӯҳточӣ алайҳирраҳма барои омӯзиш оварданд. Худашон низ ҳаваси дар ҳамин тобеоти ободон зистанро доштанд. Ба ҳамин мақсад сайругашт карда, барои зиндагии минбаъдаи оила ҷои муносибе меҷустанд. Оқибат деҳаи Қиблайро интихоб намуданд. Муридонаш мошин фиристоданду кӯҷамонро оварданд. Насибаи зиндагии минбаъдааш хеле кӯтоҳ будааст. Дар ҳамин ҷо ҳам аҳли деҳ ӯро мӯътабар медонистанд, иззаташро ба ҷой меоварданд. Дар тақдири Махсуми Абдулмаҷид умри дароз набудааст, фитнае бархосту бемор шуд, баъди 13 рӯзи бемордории мо аз дунё чашм пӯшид. Дар ҷанозаи Махсуми Абдулмаҷид одамони ниҳоят бисёре ширкат варзиданд. Ба маросими дафнашон олимони зиёде, ки дар қайди ҳаёт буданд, омаданд. Аз зумраи онҳо Эшони Хатиб, Махсуми Бадриддин ва дигарон омаданд. Аз рӯи ривоятҳо тобути Махсум дасти ба даст нарасид, парвоз мекард. Ҳоло мақбараашон дар ҷои хушбоду

пешина
аз 176
навбатӣ