Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Хуросони шимолӣ (ҳоло Туркманистони ҷанубӣ) қаробат дорад. Дар ороиши ин мақбараҳо усули гуногуни хиштчинӣ: аз поён хиштчинии муқаррарӣ, болотар хиштчинии ҷуфт, боз болотар — хиштчинии ҷуфти амудшакл истифода шудааст. Равоқтоқи чуқури даромадгоҳи мақбараи калон (ҷанубу ғарбӣ) бо хиштҳои махсуси сайқалёфта, ки нақшу нигори мураккабу нагарраборо дорад, оро ёфтааст. Тоқи даруни мақбараро нимояи конишкори — шоҳкори барҷастаи санъати ороиши амалӣ зеинат медиҳад.
Гунбази маҳфузнамонди он ба шарафаи ҳашт-тарк ва тоқҳои мобайни такя мекард. мобайни такя мекард.
Мақбараи калон хароб гардида, баъдҳо аз нав барқарор карда шудааст. Шарофаҳои сипарӣ ба ҳашт-тарак пайваст, пештоқи гачпардоз ҷузъҳои маҳфуз-мондан давои азнавбаргсроркунӣ мебешанд.
Аз мақбараи хурд (шамолу шарқ) қисмҳои поёни девори мураббаъ ба ҷузъҳои шарофаҳо ва харобаҳои пештоқи муҳташам (дорои гавнытачот ва конишкори) боқӣ мондааст (7, саҳ. 290).
Мавчудияти мақбараи Хоҷа Наҳшрон аз он дарак медиҳад, ки дар асрҳои X — XI дар ҳудуди ноҳияи мо санъати баланди меъморӣ ҳукмрон будааст. Бо гилу рег ва гаҷ кор кардани мардуми ин сарзамин ра он дарак медиҳад, ки аз қадим ҳунарманд бу-данд. Дар айни замон мақбара дар зери муҳофизати Академияи Улуми Тоҷикистон мебошад. Мақбара то имрӯз барқарор карда нашудааст. Деворҳои мақбара бо сутунҳои муҳофизаткунанда нигоҳ дошта шудааст. Барқарор кардани ин мақбара яке аз масъалаҳои муҳими кори Шӯроҳо мебошад.
Коррезаи Тешиктош. Яке аз осорҳои маскангирии аҳолӣ ва шуғли онҳо ба зироаткорию обёрӣ, ин коррезаи Тешиктош аст. Аз дохили қабати чиндоршудаи оҳаксанг ба шакли корреза сурохиҳои дарозияшон 15 — 20 м ва баландиашон 80 см то 1,5 метрро бараҳна мушоҳида кардан мумкин аст. Ин қисмати деҳаро «Тешиктош», баъзан кӯҳи «Фарходу Ширин» ба забон мегиранд. Мувофиқи бисёр ривоятҳои пирони солхӯрдаи деҳа, ин кӯҳи афсонавиро ба давраи нахустин обёрӣ кардани заминҳо аз дарё баландмонда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё