Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
мансуб медонанд. Одамони он замон қобилияти хуби сангшиканӣ доштанд. Ба ҳамин монанд, сангҳои оҳаксанги сурохидор сетоанд. Мазмуни ин ривоятҳо ба релефи пеш аз давраи зилзила мутобиқат дорад.
Коррезаи «Тешиктош дар деҳаи Қаротоғ».
Олим Б. Худойназаров дар китоби худ «Хусусиятҳои гидрологии системаи обёрии Ҳисор» қайд кардааст, ки обёрӣ дар ин водӣ барвақт, дар замонҳои хеле қадим оғоз ёфта буд. Дарозии каналҳо 1—1,5 км-ро ташкил мекарданд. Аз эҳтимол дур нест, ки коррезаи Тешиктош яке аз он каналҳо бошад. Усули шикастани сангҳои сахт низ нишонаи маҳорати одамон аст, ки рӯи санг ҳезум гузошта, оташ мезаданд ва ҳангоми тафсидани он бо новаи чӯбӣ аз болояш, аз масофаи якчанд метр оби хунук мерехтанд. Аз гармохунукӣ санг мекафид ё пора мешуд.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ, номҳои ҳокимону бекҳои Ҳисор аз асри X сар карда, то ибтидои асри XX сабт шудаанд. Ҳокимҳои Ҳисор — Хусравшоҳ (охири асри X ва аввали асри XI), Темур—Аҳмад (солҳои 40-уми асри XI) Дониёлбӣ (асри XIII), Яъқуб—қӯшбегӣ (асри XIII), Остонақул-қӯшбегӣ (асри XIX), Абдукаримдодхоҳ (асри XIX), Авлиёқулбек

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё