Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
ҳам пеш рафта наметавонистанд. Аз аввали тирандозии босмачиён, аспи командири онҳо мемурад. Онҳо маҷбур шуданд аз аспҳо фаромада, дар ҳамин ҷо ба паси санге ва марзае худро гиранду ҷанг сар кунанд, зеро агар роҳро давом медоданд, талафоти калон меёфтанд. Дар аввали ҷанг боз 2—3 асп нобуд шуд. Ҷанг то шом давом кард. Дар вақти ҷанг Темур баъзе ихтиёриёни отряди онҳоро номбар карда, бо овози баланд мегуфт: «Барои чӣ шумоён ба отряди кофирҳо дохил шуда, ба муқобили мусулмонони худ аскарони ислом меҷангед. Онҳо ҳозир шумоёнро тамоман муҳосира карданд. Агар ба тарафи мо нагузаред, ҳамаатонро қир мекунем...» (23).
Онҳо ба ин ҳарзагӯиҳои Темур бо тирпарронии якҷоя ҷавоб мегардонданд ва мегуфтанд: «Мо бо мусулмонон не, балки бо ту барин душмани мусулмон, бо душмани халқ меҷангем. Магар ту мусулмонкуш нестӣ? Хуни ин қадар қатотогиёнро хӯрда, боз худро ҳомии ислом меномӣ? Акнун аҷал бо ту гиребонгир шудааст. Ин сафсатаҳои ҷонканиро мону худат таслим шав». Ҳамин тариқ, ӯро бо калимаҳои «обдор» ва тири оташбор «зиёфат» мекарданд. Дар ин ҷанг, ки то шом давом намуд, ихтиёриён Абдураҳмон Азизов, Қодир Қамаров, Умар Сайдов, Раҷаб
Зиёев, Бӯрӣ Олимов, Абдулло Бобоев, инчунин роҳбалад Шукур, ки аз дастаи Темур таслим шуда буд, далерӣ ва ҷасурӣ нишон доданд. Баъди торик шудан онҳо бо отряд ва аъзоёни комиссия ва гурӯҳи ҳарбӣ, ки дар паси кӯҳ буд, рафта расиданд ва дарҳол маслиҳат карда қарор доданд, ки ба қуллаи кӯҳи қишлиқи Қизил Алма, ки дар он ҷо босмачиён буданд, ҳуҷум оварданд. Ҳамин тавр ҳам карданд ва гарчанде мавқеи онҳо хеле номувофиқ буд, босмачиён ба ҳуҷуми онҳо тоб наоварда гурехтанд. Онҳо як гурӯҳи босмачиёнро асир гирифта, дастаи онҳоро шабона то ба кӯҳи Дарвозакан таъқиб намуданд. Ин ҷанг аз як тараф ба дили босмачиёни дастаҳои Темур ва Абдулазиз қурбошӣ воҳимаи сахт андохт, ки онҳо баъд аз ин боз ҳам бештар таслим шудан гирифтанд ва аз тарафи дигар, дар ҳаёти ихтиёриёни отряди миллии меҳнаткашони Қаротоғ лаҳзаи муҳими санҷиш гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё