Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
ки дар як лаҳза сӯхтор хомӯш шуда ҳама ҷоро зер кард.
Акнун дубора оташ задан барои босмачиён кори осон набуд. Хасу қамишҳои бом ба дараҷаи тар шуда буданд, ки ҳеҷ гуна гӯгирд ва машъал таъсир намекард. Рӯз бегоҳ шуда истода буд. Ҳамин вақт аз роҳи Душанбе аз шарикони Темур ба вай хабар омад, ки онҳо ба аскарони аз Душанбе омадаистода муддати дароз муқобилат карда наметавонанд. Бинобар ҳамин маслиҳат медоданд, ки Темур зудтар аз Қаротоғ барояд.
Темур гарчанде баъди ин шармандагӣ ба гурехтан маҷбур шуда бошад ҳам, Қулӣ — командири ярадорро дар ин ҷо монда рафта наметавонист. Ӯ қарор дод, ки ҳеҷ набошад, як-ду хизматчии шӯроиро ёфта халқро тарсонад. Вай аъёну ашроф ва мӯйсафедонро ба назди худ даъват намуда ба онҳо таклиф кард, ки хизматчиён ва тарафдорони Ҳокимияти Шӯроиро ёфта диҳанд.
Дар ин вақт одамони бисёре, ки дар кӯчаҳо ҷамъ омада буданд, ба даруни мадраса даромада, ба Темур наздик шудан мегирифтанд ва аз байни издиҳом чунин садоҳо шунида мешуданд. «Магар мо фақирони бенаворо ба чар тела додани ҳастӣ. Хизматчиёни шӯроиро барои чӣ таъқиб кардан мехоҳӣ, оё дар идораҳои мамлакатамон хизмат кардан гуноҳ аст!
Пагоҳ мо дар назди соҳиби шаҳр барои ин хунрезии ту чӣ ҷавоб мегӯем!... Зӯр бошӣ ана майдони ҷанг, ана бошишгоҳ дар он ҷо ҳам хизматчӣ ҳасту ҳам аскар».
Одамон чунон бисёр буданд, ки аз даҳони ки баромадани ин суханонро муайян кардан мумкин набуд. Аз байни мӯйсафедон Ҳоҷӣ мулло Саид ном шахс ба Темур муроҷиат карда гуфт: Наход, ки мақсади Шумо рехтани хуни 2—3 хизматчии идора бошад. Оё ба ҳамин ислом зафар меёбад. Шумо бо ин фақат мусулмонони худ — қаротоғиёни бегуноҳ ва мо барин шахсони ба назар намоёнро ба бало гирифтор мекунед!
Ҳоҷӣ мулло Саид ин гапҳоро мегуфту медонист, ки аз Душанбе ба ёрии Қаротоғ аскар омада истодааст. Вай инро аз миш-миши босмачиён пай бурда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё