Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Эшонкулро ҳам дар назди худ нигоҳ дошта, ба ин мактуб низ бо тир ҷавоб гардонданд. Дар ин вақт ба Темур аз роҳи Душанбе—Қаротоғ аз одамонаш хабар расид, ки аз тарафи Душанбе аскар омада истодааст.

Вай бо маслиҳати дигар қурбошиён дастаҳои босмачиёни лақай ва як қисми дастаҳои дигарро ба роҳи Душанбе баровард, то ки ба қадри имкон пеши роҳи аскаронро банданд. Худаш бо дастаи калон дар Қаротоғ монда, қарор дод, ки тавре карда ба нияти хунхоронаи худ ноил гардад. Темур дид, ки мудофиакунандагон таклифҳои онҳоро дар бораи таслим шудан на фақат рад мекунанд, ба вай бо сухан ё мактуб ҷавоб гардонданро кори шармовар ва нангин дониста, бо тир ҷавоб медиҳанд, аз тарафи дигар, кӯчаҳо аз аҳолӣ пур шуда, аммо аз кирдори ин ошӯбгар торафт ба ғазаб меояд, ӯ фармон дод, бошишгоҳро оташ зананд. Барои ба ин кор бевосита роҳбарӣ намудан ба мадраса омад. Якчанд босмачӣ дар вақти қасди оташзанӣ тир хӯрда мурданд. Оқибат якчандтои онҳо ба дӯконҳои паси бошишгоҳ даромада гирифтанд ва аз он ҷо ба боми хаспуши аспхонаи бошишгоҳ оташ заданд. Бад-бари баланд шудани аланга босмачиҳо аррос зада, ба дили ҷанговарони ҳимояткунанда ваҳм андохтаӣ шуданд.

Мудофиакунандагон ба куштани сӯхтор имконият надоштанд, зеро ба рӯи боми кушода ва хаспуши оташ гирифтаистода баромадан мумкин набуд ва онҳо барои хомӯш намудани сӯхтор на об доштанд ва на ягон асбобе. Ғайниддинов қисми зиёди ҷанговарони таҷрибаноктарро ба самти сӯхтор гузаронд ва мудофиачиёнро ба найзаҷанг тайёр кард. Бомбаҳоро ба аскарони корôзмуда тақсим намуд ва дар бораи чӣ тавр кор бурдани онҳо дастур дод.

Ҳамин тавр, босмачиён аз берун шодӣ мекарданду мудофиачиён ба ҷанги даст ба гиребон бесаброна мунтазир мешуданд, то ки монандӣ ҳамин сӯхтор дудро аз димоғи душманони нобакор бароваранд.

Дере нагузашта раъду барқ ба амал омада, ҳаворо абри сиёҳ фаро гирифт, чунон боронии селе борид,

пешина
аз 214
навбатӣ