Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Издиҳом бо шунидани ин суханони Ҳоҷӣ якбора ғавғо бардошт «Рост мегӯяд Ҳоҷӣ».

Якчанд мӯйсафедони дигар, аз он ҷумла Мулло Самеъ, Мулло Ғафур ва дигарон ҳам гапи Ҳоҷӣ мулло Сандро тарафдорӣ карданд.

Рӯҳияи аҳолӣ ба ҳаяҷон омада ва аз ҳама бештар, хавфи наздик омада истодани Аскарони Сурх аз Душанбе, Темурро ба андеша андохт. Дар ҳақиқат ҳам шароит барои ӯ тамоман номусоид шуда монд. Вай чунон қиёфаеро ба худ гирифт, ки гӯё аз рӯи эҳтиром илтимоси мӯйсафедонро қонеъ мекарда бошад. Баъд аз он ки торикии шаб ҳам фаро гирифт, Темур Қулӣ — командири ярадорро бо худ гирифта, бо садамонаш ниҳоят эҳтиёткорона аз Қаротоғ баромада рафт, то ки халқ пай набарад. Аҳолӣ намедонист, ки босмачиён тамоман рафтаанд ё боз гашта меоянд. Тақрибан дар соатҳои 3—4-и шаб якчанд кас аз сокинони маҳаллӣ ба наздикии бошишгоҳ хӯрок оварда, хостанд мудофиачиёнро аз рафтани босмачиён хабардор кунанд ва ба онҳо хӯрок диҳанд. Аммо мудофиачиён ба ин гап бовар накарда, гумон бурданд, ки эҳтимол ин найранги Темур бошад. Соатҳои 5—6-и пагоҳӣ ба наздикии дарвозаи бошишгоҳ як гурӯҳ савораҳо омада ва яке аз онҳо бо овози баланд гуфт, ки дарвозаро кушоянд, онҳо аз Душанбе омадаанд.

Сардори мудофиа Ғайниддинов бовар накард. Зеро вай савораҳоро дар торикии саҳар шинохта натавонист, азбаски шаби гузашта босмачиён ҳамин тавр карда буданд, вай барои санҷиш якбора аз якчанд милтиқ тири ҳавоӣ холӣ кунонд. Савораҳо ба ҷавоби ин аз пулемёт 2—3 навбат ба ҳаво тир бароварданд. Акнун ба Аскари Сурх будани онҳо шубҳа намонд. Дарвозаро кушоданд. Хурсандии мудофиакунандагони Қаротоғ ҳадду канор надошт. Аскарони ба ёриомада ҳам ниҳоят шод буданд. Зеро чунон ки сони маълум гардид, онҳо дар роҳ ба ин қадар босмачиёни сершумор рӯ ба рӯ омада, тахмин карданд, ки эҳтимол ғоратгарон мудофиакунандагони камшумори Қаротоғро якто ҳам намонда, нест карда бошанд.

Ҳамин тариқ, мудофиаи Қаротоғ қасдҳои хунхоронро барбод дод ва бо ғалаба анҷом ёфт. Дар ин

пешина
аз 214
навбатӣ