Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
ҳарбӣ ва хизматчиёни граждании дар пешашон бударо гирифта, зуд ба бошишгоҳ дароянд.
Ғайниддинов дарҳол баргашта рафт, то ки яроқҳои шӯъбаи муҳофизаро низ ба тезӣ ба бошишгоҳ овард. Исмоил Одинаев ҳам аз ақиби Ғайниддинов ба он ҷо рафтани буд, ки Мирзо оқсақол (аз қишлоқи Чарбулоқи тумани Қаротоғ) ба ҳавлии кумитаи инқилобӣ омад.
Азбаски вай аз кумитаи инқилобӣ супориш гирифта буд, ки аз ҳаракат ва нияти Темур қурбошӣ хабардор шуда истад, ҳозир оид ба ҳамин масъала хабари таъҷилӣ овард. Маълум шуд, ки Темур ният дорад, ҳамин шаб ба Қаротоғ зер карда дарояд. Мувофиқи суханони Мирзо оқсақол Темур зиёда аз 400 йигит доштааст, ки ба он 200 нафар лақай бо сардори Кенча Додхоҳ (Иброҳимбек бо ёрии Темур фиристода будааст), дастаҳои қурбошиёни Ҳонақоҳ Мулло Ниёз, Абдулазиз ва Ганҷал дохил мешуданд.
Тақрибан зиёда аз 100 нафарашон яроқнок буданд. Ягон соат пештар тақрибан ҳамин гуна маълумот аз қишлоқи Сангичоб аз Арбоб Шариф низ омада буд. Дар назди кӯпруки Қаротоғ сарои дуошёнаи калон бо дарвозаи пурнақшунигори шутургузар воқеъ буд, ки ба Иброҳимбой ном бойи Қаротоғ (бародари калонии Одинаев) тааллуқ дошт. Баъд аз он ки Исмоил Одинаев ба корҳои шӯроӣ дохил шуд, сарои бародарашро барои бошишгоҳ ба истифодаи гарнизон дода, сониян идораи кумитаи инқилобиро ба ҳавлии Иброҳимбой кӯчонд.
Телефончиёни ҳарбӣ бо 20—30 аспи гарнизони пештара дар ҳамин ҷо монда буданд, телефони гарнизон ҳам дар ҳамин сарой буд. Ҳамин тариқ соатҳои 2—3-и шаб аз сабаби тангии вақт дар бошишгоҳ фақат 7 нафар телефончӣ, 4—5 аскарони бемору ярадор, табиби ҳарбӣ, ду ҳамшираи тиббии табобатхонаи ҳарбӣ, бо беморон дар Қаротоғ монда буданд.
Ғайниддинов, раиси кумитаи инқилобӣ Исмоил Одинаев, сардори шӯъбаи муҳофиза Мӯсобеков, котиби ҳамин шӯъба Абдуманнон Раҳмонов, Раҷаб ном милиционери Қаротоғ ва ғайра ҳамагӣ 20—25 нафар ҷамъ омаданд. Аз онҳо 18 нафарашон яроқ доштанд.
8 қуттӣ тир ва чор бомбаи дастӣ мавҷуд буд. Табиб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё