Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
мусаллаҳ ташкил намуда, дар бошишгоҳи Қаротоғ телефончиёни ҳарбӣ ва дигар истеҳкоми мудофиавӣ барпо карда шавад. Роҳбари мудофиа ба зимаи комиссар, тафтиши шӯъбаи муҳофизаи туман Ғайниддинов Салоҳ гузошта шавад.
Ғайниддинов тобистони соли 1922 бо ҳамроҳии қисмҳои ҳарбӣ, ки ба он Мелькумов (дар байни аҳолӣ бо номи Яъқубтӯра машҳур буд) фармондеҳӣ менамуд, дастаҳои босмачиёнро аз назди Бойсун таъқибкунон ба Қаротоғ омада, дар ин ҷо сардори гарнизон шуда хизмат кард, баъди аз хизмати ҳарбӣ ҷавоб шуданаш, бо илтимоси Кумитаи инқилобии Қаротоғ ба кори шӯъбаи муҳофизаи Қаротоғ таъин шуд.
Дар ҳамин асно аз Ҳисор Мӯсобековро ба телефон чеғ заданд. Мӯсобеков баъди як соат аз телефон гашта омаду гуфт, ки: «хотирҷамъӣ будааст, Темурро аскарҳо ба тарафи кӯҳи Ғозималик таъқиб карда бурданд. Акнун хавфи ба Қаротоғ ҳуҷум намудани он бартараф шуд. Ҳама хотирҷамъ шуда, ба хонаҳояшон раванд» (23).
Дар ҳақиқат ҳамон шаб осуда гузашт ва ҳама ба ростин хабари аз Ҳисор гирифтаи Мӯсобеков боз бештар бовар карданд. Шаби дигар расид. Нохост аз Ҳисор, ки штаби полки савораи 10-ум бо телефон хабар доданд, ки Темур бо ҳамроҳии якчанд қурбошии дигар ҳамин шаб ба Қаротоғ ҳуҷум оварданист.
Ғайниддинов, ки имрӯзҳо хавфи ҳуҷуми дар пешистодаи босмачиёнро дар назар дошт, мувофиқи супориши кумитаи инқилобӣ бо телефончиёни ҳарбӣ бевосита алоқа намуда, масъалаи мудофиаро батафсил меомӯхт, бо ин хабар ба назди кумитаи инқилобӣ Исмоил Одинаев омад. Шаб аз нисф гузашта буд.
Барои ҷамъ кардани ҳамаи хизматчиён ва фаъолон, ки дар хонаҳояшон буданд, фурсат набуд. Ба замми ин, Ғайниддинов гуфт, ки агар дар ин бевақтии шаб фарёдкунон одам ғундошта гарданд, аҳолӣ ба изтироб меафтад ва душмани ноҳилӣ аз ин ҳол истифода бурда, ба кори мудофиа зарар расонда метавонанд.
Бинобар ҳамин Ғайниддинов бо Одинаев қарор
доданд, ки фақат беморон, коркунони табобатхонаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё