Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Қисмҳои ҳарбӣ, ки аз тарафи Душанбе меомаданд ва ё ба тарафи Душанбе мерафтанд, аз Қаротоғ мегузаштанд.

Барои пеш бурдани корҳои идоракунии Ҳокимияти Шӯроӣ комитети инқилобӣ ба фаъолони атрофи худ аз байни халқ такя менамуд. Дар охирҳои феврали соли 1923 аз меҳнаткашони ҷудогонаи фаъоли қишлоқ ба комитети инқилобии туман хабар омад, ки Темурқӯрбошӣ аз набудани қисми ҳарбӣ истифода бурда ба Қаротоғ ҳуҷум оварданист. 2 март аз штаби полки савораи 10-ум, ки дар Ҳисор меистод, ба воситаи телефон хабар омад, ки Темурқӯрбошӣ бо ҳамроҳии якчанд дастаи дигар қасди ба Қаротоғ ҳуҷум кардан дорад.

Он вақт идораи вакили мухтор ва дигар ташкилотҳои марказии Бухорои Шарқӣ дар Ҳисор меистоданду муассисаҳои давлатӣ ва комитети инқилобии вилоят дар Душанбе воқеъ гардида буданд.

Кумитаи инқилобии Қаротоғ ҳамон рӯз ба кумитаи инқилобии вилоят мактуб навишта, суръати воқеаро маълум намуд ва илтимос кард, ки зуд ба Қаротоғ аскар фиристода шавад.

Барои расонидани ин мактуб аз Қаротоғ одам фиристодан хавфнок буд, зеро Темур он рӯзҳо ба қишлоқҳои кӯҳии самти шумолин роҳи Душанбе гузашта буд ва касе, ки аз қаротоғиён ба ин роҳ барояд, эҳтимоли дастгир шудан дошт, аз ҳамин сабаб барои ин кор аз ягон каси дилпур ва ба назар чандон номаълуми қишлоқ истифода бурдан лозим буд.

Ниёз Холов яке аз камбағалони қишлоқи Аршӣ ба идораи кумитаи инқилобӣ омада, справкаи шӯъбаи озуқаи Қаротоғро супорида ва аз ҳамин қишлоқ барои таъминоти қисмҳои ҳарбӣ ҳезум ва озуқаю ем оварданашро маълум кард. Ниёз ҳамчун одами содиқ ва дилпур ба Кумитаи инқилобӣ маълум буд.
Раиси Кумитаи инқилобӣ Одинаев зуд ба Душанбе бурдани мактубро аз вай хоҳиш намуд, Холов бедудилагӣ розӣ шуд.

Бегоҳии ҳамон рӯз ба идораи Кумитаи инқилобӣ
фаъолони лаёқатноктарин ҷамъ оварда шуданд. Қарор дода шуд, ки аз хизматчиёну фаъолон дружинаи

пешина
аз 214
навбатӣ