Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

бо ҳамширагон дар назди телефон меистод ва онҳо вазифадор буданд, ки ба ярадоршудагон ёрӣ расонанд. Ба беморону ярадороне, ки дасташон кор мекард, низ яроқ доданд. Деворҳоро сӯрох карда, шинакҳо тайёр карданд. Одамҳои мусаллаҳро мувофиқи ҳол ва қудраташон ба шинакҳо тақсим намуданд. Дар ошёнаи дуюм аз ду тараф посбон монда шуд, то ки онҳо дидбонӣ намоянд. Дар болои дарвоза (аз тарафи роҳи калон) Раҷаб қаровулӣ мекард. Чунон ки аз ин пеш ва ҳозир ҳам қарор дода шуд, роҳбарӣ ва фармондеҳии мудофиаро Ғайниддинов ба зиммааш гирифт. Вай ду маротиба «бонги хатар» гузаронда, ҳушёрӣ ва устувории ҷанговаронро озмуд.

Тақрибан соатҳои 3-и шаб Раҷаб тозон омада ба Ғайниддинов хабар дод, ки савораҳои бисёре ба дарвоза наздик шуда истодаанд. Ғайниддинов баромада дид, ки дар наздикии дарвоза қариб 20 нафар савора истодаанд. Яке аз онҳо ба забони русӣ фарёд зада гуфт: «Дарвозаро кушоед, мо аз Ҳисор омадем. Барои аспҳо ва худамон хӯрок лозим. Идораи озуқаро нишон диҳед...» (23).

Ҳамин гуна садо аз пеши дарвозаи Кумитаи инқилобӣ, ки аз бошишгоҳ дур набуд, низ шунида мешуд. (23).

Савораҳои ношинос аз садои тир монандӣ ҳайвони ваҳшӣ рамида, якбора гурехта аз дарвозаи бошишгоҳ дур шуданд.

Баробари ҳамин аз паси дӯконҳои растаҳои атрофи бошишгоҳ садои тир баромадан гирифт. Босмачиён дар ин ҷойҳо пинҳон шуда, ба ҷанг шурӯъ карданд. Мудофикунандагон низ оташ кушоданд. «Мудофиаи Қаротоғ» (шаби 4-уми марти соли 1923) сар шуд. Ғайниддинов ба тир кушодан фармон дода зуд ба назди телефон рафт, то ки дар ин бора ба Ҳисор хабар диҳад (бо Душанбе алоқаи бевоситаи телефонӣ набуд). Аммо телефон кор намекард, акнун рӯз шуда истода буд. Ҷанг торафт шиддат меёфт. Баъди якчанд соат шинакҳоро дигар кардан лозим омад. Зеро шинакҳои онҳо аз тири душман вайрон шуда

пешина
аз 214
навбатӣ