Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

тут, асал, татум, ҳулбӯ, гули заъфаронро тавсия мекард ва беморро таклиф мекард, ки дар ҳавои софу бегубор сайру гашт намояд ва аз хӯрокиҳои равғандор якчанд моҳ парҳез кунад.

Барои табобати гӯшдард Ҳоҷӣ ба гӯши бемор равғани бодом ва равғани зарди кӯҳнаро 3—4 рӯз 2—3 чакрагӣ мечаконд. Барои табобати гурда 2—3 моҳ ҳар саҳару бегоҳ истеъмоли 1—2 қошуқ равғани кунҷитро тавсия мекард. Барои табобати пӯсти хуншор Ҳоҷӣ дар пахтаи кӯҳна тар карда бастани пешобро тавсия медод ва дар болои он латтаи хунук мегузошт.

Агар даст ё пои касе мебаромад, ё мешикаст Ҳоҷӣ ӯро бо дастонаш ҷо ба ҷо мекард, зардаи тухм мемолид ва онро тахтабандию латтабандӣ мекард. Ба бемор истеъмоли қиёми зирк, зардчӯба, мушхор ва мӯмиёро тавсия менамуд ва таклиф мекард, ки моҳӣ истеъмол накунад ва аз оби хунук, ҷои захмро муҳофизат намояд.

Ҳоҷӣ касалиҳои рӯҳиро бо роҳи дилбардорӣ додан, таърифу тавсиф додан ва ҳавасманд кардан табобат мекард.

Ҳамин тавр Ҳоҷӣ мулло Санд табибиро пеша намуда 17 январи соли 1951 дар деҳаи Қаротоғ дар синни 94-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Табибҳои маҳаллӣ низ дар табобати беморон хизмат мекарданд. Дар Қаротоғ табибҳои дандонкан, рагмол, устоҳои шикастабанд бисёр буданд.

БАРҚАРОРШАВИИ ҲОКИМИЯТИ ШӮРОӢ

2-сентябри соли 1920 қасри амир — Регистон, ки истеҳкоми асосии аморати Бухоро буд, гирифта шуд. Амир Олимхони сарнагуншуда аз шаҳр гурехт...

17 декабри соли 1920 «Отряди экспедиционнии Ҳисор» дар таҳти фармондеҳии Сардори дивизия Марсов сафари ҳарбии қаҳрамононаи худро аз Қаршӣ сар кард. Ба отряд дар шароити хеле душвор амал кардан лозим омад. Вай ба миқдори зарурии либос, озуқаворӣ, яроқу аслиҳа, воситаҳои нақлиёт надошт, ҷанговарон ва командирон бо роҳҳои кӯҳии душворгузар ошно набуданд. Ба онҳо лозим меомад, ки муқобилияти сахти душманро бартараф карда, ҷангкунон пеш раванд. (21. саҳ. 148).

пешина
аз 214
навбатӣ