Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Ҷанги якуми отряд бо лашкари сеҳазорнафараи амир, 20 декабр дар баландиҳои Оққӯтал ба амал омад. Дар вақти муҳориба Марсов ярадор шуд ва ҷои ӯро командири дивизияи якуми савораи Туркистон В. М. Ионов гирифт. Аскарони сурх баъд аз ҳарбузарби сахт душманро танг карда, дар рӯзҳои аввали моҳи январи соли 1921 бо штурм Бойсунро ба даст оварданд. Вале беки Бойсун қувваҳои зиёде ғун карда, ба Бойсун ҳуҷум овард ва як қисми шаҳрро забт кард. Саворагони сурх дар ҷангҳои сахти кӯчагӣ, ки ба задухӯрдҳои дастбагирешон табдил меёфтанд, аскарони бекро аз шаҳр зада бароварданд, муддати ду ҳафта, то вақти омадани ёрии Армияи Сурх, ҳамлаҳои душманро паси ҳам зада гардонда, Бойсуни дар иҳотаи душман бударо муҳофизат намуданд. Муҳосираи шаҳр танҳо он вақт бартараф карда шуд, ки полки савораи Армияи Сурх дар дараи Бандихон лашкари калони амирро торумор карда, ба ёрманди муҳофизони ҷасури шаҳр расида омад. Бойсун ва атрофи он аз қувваи душман тамоман тоза карда шуд ва Ҳокимияти Шӯроӣ барқарор гардид. (21. саҳ. 173).
14 феврали соли 1921 барои озод кардани Бухорои Шарқӣ 4 ҳазор нафар ҷанговарони «Отряди экспедиционнии Ҳисор» дар таҳти фармондеҳии умумин В. М. Ионов ба сафари ҳарбӣ баромаданд.
Қисмҳои Армияи Сурх 15 феврали соли 1921 Деҳнавро, 16 феврал Юрчиро ва 17 феврал Сариосиёро озод карданд. Дар номаи намояндаи фавқулоддаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Бухоро оид ба Бухорои Шарқӣ, ки 25 феврали соли 1921 ба номи КМ ҲК(б) Бухоро фиристода шуда буд, гуфта шудааст, ки дар Миршоди Деҳнав ва Юрчӣ армияи сеҳазорнафараи амир, 300 нафар босмачиёни Кӯри-Шермат, 80 нафар афғонҳо буданд. Сарбозони амир дар Регар муқобилият нишон доданд ва дар ин ҷо 28 нафар одамони худро талаф доданд ва зуд қафо гаштанд. Қисмҳои Армияи Сурх 20-уми феврал Қаратоғ ва Ҳисорро озод карданд.
Дар Регар, Қаратоғ, Душанбе ва дигар ҷойҳо камбағалон ҷанговарони Армияи Сурхро ҳамчун озодкунандагони худ пешвоз мегирифтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё