Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
пурра саводнок шуда буд. Дар айёми ҷавонияш ба ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш шуғл меварзад.
Дар давоми умри худ се маротиба сафари Арабистон кард ва сафари охирини ӯ соли 1924 буд. Ҳоҷӣ мулло Саид номӣ Ҳоҷигиро соҳиб гардида дар байни солҳои 1890—1920 ба Афғонистон ва Ҳиндустон сафар карда, ҳангоми бозгашт ҳамроҳи худ гиёҳҳои шифобахш ва китобҳои дорушиносиро меовард. Ҳоҷӣ аз ин китобҳо таҷриба мегузаронд ва агар таҷрибаҳояш бомуваффақият мегузаштанд, онро дар амал истифода мебурд. Ҳавлии Ҳоҷӣ дар Қаротоғ табобатхона буд. Аз ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон беморонро аспсавор ба ин табобатхона меоварданд.
Соли 1983 ҳамсари Ҳоҷӣ мулло Саид Норбиби Саидоваи 93-сола дар бораи табиби ҳамсараш чунин ҳикоя кард: «Ҳоҷӣ бештар бемориҳои пӯст, домана, зардча, шал, захми рӯда, чашмдард, гӯшдард, гулӯдард, ва бемориҳои асабию силро табобат менамуд. Ба ақидаи ӯ, шаш намуди касалиҳои пӯст мавҷуд аст: мараз, сиёҳбод, кулгуна, ханозир, суякдард ва иститқоқ. Касалии пӯсте, ки «Ханозир» ном дошт, пӯсти адам сӯрох шуда, аз он зардобу хун мебарояд. Ҳоҷӣ ба муолиҷаи ин дард, пӯсти сеюмини рустании харбузаи сагак ва пӯсти сеюмини решаи юнуҷқаро ба бемор се чор ҳафта мехӯронд. Барои касалии пӯсте, ки «Сиёҳбод» ном дошт, ба бемор чил рӯз хӯроки бенамак тавсия карда, баъд аз он пӯсти мобайнии решаи карамро хушк карда, ним мискол ба бемор медод. Ӯ барои касалии табларза ба бемор зардии тухм ва равғани зардро тавсия мекард. Барои табобати сурхии чашм табиб, аз ним пиёла қаймоқи шири гов ва ним пиёла орд «Рӯбиҷ» ном дору тайёр карда, онро ба чашми бемор мебаст (7—8 маротиба).
Барои табобати касалии сил, табиб истеъмоли доимии пиёзи сурх ва равғани зарди бенамакро тавсия мекард. Барои пешгирии касалии гулӯдард, табиб пеш аз ҳама ба бемор сайру гашт дар ҳавои тоза, хушҳолиро тавсия карда, истеъмоли ками шираи кӯкнор, нил, гули тоҷихурӯс ва ҳулбӯро барои истеъмол то як ду моҳ пешкаш мекард.
Барои пешгирии касалии зардча, истеъмоли ширинии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё