Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
дӯхтаи раҳ-рахи ин матоъҳо, ҳар як бинанда ҳавас мекард» (14).
Дар бозори Қаратоғ ҳар як раста (дӯкон) ба худ ном дошт ва ба пайрави номаш мол мефурӯхтанд.
Яъне ҳар як гурӯҳи косибони алоҳида, ки молҳои гуногун истеҳсол мекарданд, онро дар растаҳо ба фурӯш мегузоштанд. Тадқиқотчии дигари рус Стеткевич соли 1889 бозори Қаратоғро тамошо карда, дар ёддоштҳояш навиштааст: «Қисми асосии шаҳр аз бозорҷон он дар қисми чапи дарё воқеъ гаштааст, барои ба он тарафи дарё гузаштан дар рӯи он кӯпруки васеъ сохта шудааст. Дар бозор 60 дӯкон мавҷуд буда, онҳо ҳам фақат дар рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе кушода мешуданд. Бозори Қаратоғ ба мисли бозорҳои дигари Туркистон буд. Рӯи бозор кушода, ифлос, ҳавояш хеле вазнин. Дар он одамони аз гирду атроф омада молҳои тайёркардаи худро мефурӯхтанд... Қаратоғ бо шамшерҳояш шуҳрат пайдо карда буд, аммо дар рӯзҳои бозор танҳо ягонагон кордҳои хубашро дидан мумкин буд. Он кордҳо низ хеле арзон буда, ба 60—80 тин рост меомад...
Дар бораи бозори Қаратоғ ва шуҳрат пайдо кардани молҳои он олимону сайёҳони дигар низ дар хотираҳояшон навиштаанд. Л. Ф. Костенко охири солҳои 70-уми асри XIX бо супориши округи ҳарбии Туркистон бо мақсади ҷамъ намудани маълумоти ҳарбии Туркистон дар бораи шаҳри Қаратоғ, дар хотираҳояш навиштааст: «Қаратоғ «шаҳри на он қадар калон, аз маҳаллаҳои пароканда, дар дохили дара, дар доманаи наздикӯҳии қаторкӯҳи Қаратоғ, дар соҳили дарёи Қаратоғ ҷойгир аст, ки аз дарё то ба бозор кӯпрук дорад. Қаратоғ бо шамшер ва кордҳояш шуҳрат пайдо карда буд, устоҳо танҳо тобистон аз Ҳисор ба ин ҷо меоянд. Беки Ҳисор низ тобистон дар ин ҷо дам мегирад» (14).
Н. В. Липский — набототшинос, охири асри XIX дар ноҳияҳои кӯҳии хонигарии Бухоро саёҳат карда, дар бораи савдои мануфактураи москвагӣ дар Қаратоғ гуфтааст: «Кордро дар деҳаи Пуштимиёна низ месозанд, ки он 11 км аз Қаратоғ болотар ҷойгир аст» (13, саҳ. 6—7).
Дар соли 1898 олим А. А. Семёнов дар Қаратоғ
буд ва дар хотираҳояш навиштааст: «Кӯчаҳояш танг

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё