Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Соли 1969 ҳангоми кандани хандақи симҷӯбҳои барқӣ аз чуқурии як метр кӯзаи сафолие дарёфт шуд, ки он пур аз пулҳои сиёҳ буданд. Ҷои дарёфти тангаҳо, то ибтидои асри XX мавзеи бозори Қаротоғ буд. Тангаҳо мансуби асри XVIII ва XIX мебошанд.
Мавҷудияти пулҳои коғазии Бухоро ва дар рӯи он задани тамғаи Россияи подшоҳӣ гувоҳи савдои тиҷоратии Россия бо Бухорои Шарқист. Ҳамин гуна пулҳои коғазӣ бештар аз сад варақа ҳангоми вайрон кардани бинои қадимаи асри XIX аз наздикии бозори Қаротоғ ба даст омад.
Ҳамин тавр, тангаҳо ва пулҳои гирдкардашуда таърихи савдои тиҷоратии Қаротоғро бо дигар кишварҳо бори дигар исбот менамояд.
Бозори Қаротоғ яке аз бозорҳои калонтарину ободтарини бекигарии Ҳисор буд. Сабаби ободии бозор дар он буд, ки дар дараи Қаротоғ бештар аз 20 қишлоқҳои обод, ки мардумаш ба деҳқонӣ машғул буданду бозорро бо ғаллаю меваҷот пурбор менамуданд. Деҳаҳои Ҳакимӣ, Абду, Шунук, Аршӣ, Шӯрхок, Налбек, Қӯшбулоқ бештар серахолӣ буданд. Сабаби дуюмин он буд, ки худи мардуми Қаротоғ ба ҳунарманди машғул буданд ва растаҳои бозорро маҳсули дастони онҳо зинат медод. Сабаби сеюмин он буд, ки Қаротоғ яке аз нишемангоҳҳои бекигарии Ҳисор ба шумор мерафт. Савдогарони Қӯқанду Хоразм, Самарқанду Бухоро, Деҳнавӣ Тирмиз, Қубодиёну Ҳисор ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна ҳангоми сафар албатта, ба мавзеи хушобуҳавои Қаротоғ қадам ранҷа карда, роҳкӯфтагии худро мебароварданд. Дар баробари онҳо савдогарони кишварҳои Қошғари Хитой, Афғонистон, Ҳиндустон низ ҳангоми сафари Самарқанд кардан аз назди бозори Қаротоғ мегузаштанд. Баъди ҳамроҳ шудани Бухорои Шарқӣ ба Россия, савдои тиҷоратии мардуми ҳунарманди Қаротоғ боз ҳам ривоҷу равнақ ёфт.
Дар соли 1857 сайёҳ И. А. Маев якчанд дӯконҳои овозадори шамшерсозӣ ва кордсозии Қаротоғро зиёрат кардааст. Ӯ бозори Қаротоғро дида чунин навиштааст: «Аз матои пурдошти ин ҷой ва махсусан аз шоҳию бекасаби он дар Бухоро ва шаҳри Ҳисору атрофи он ҷомаҳои зебое тайёр мекарданд. Аз ҷомаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё