Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Баъди ислоҳоти пулие, ки солҳои 80-уми асри ХVІ амир Темур гузаронид, тангаҳои нуқрагӣ сикка зада мешуданд. Дар ҳар давру замон, баъзан пул қадри худро гум мекард ва ислоҳоти пулӣ гузаронида мешуд. Чӣ тавре ки тадқиқоти Е. А. Давидович шаҳодат медиҳад, мубодилаи пулӣ дар Ҳисор махсусан дар давраи Темуриён инкишоф меёбад. Ислоҳоти Хусравшоҳ мубодилаи пулиро ба низом дароварда боиси инкишофи савдо гардид.
Дар охири асри ХV гардиши умумидавлатии сиккаҳои мисӣ тамоман вайрон гардид. Соҳибони мулкҳо ҳар яке ба таври худ сиккаҳои худро бароварда бо мақсади найрангу қаллобӣ роҳ кушоданд. Алалхусус, ҳокими Ҳисор Хусравшоҳ бо сиккаҳои мисӣ хеле густохона амал мекард. Дар натиҷаи бӯҳрон гардиши пул сар зад, ӯро маҷбур намуд, ки дар соли 1501 ислоҳот гузаронад. Дар асоси ин ислоҳот вилояти Ҳисор ба ҷои сиккаҳои мухталиф ва беэътиборшуда сиккаҳои яххела мебаровард. Хусравшоҳ бо тағйир додани ин гардиши пулӣ нав дигар ҷуръат намекард. Зарробхонаҳои дигар шаҳрҳо баста шуд. Акнун сиккаҳои мисӣ фақат дар Ҳисор, Тирмиз ва Қӯқанд бароварда мешуд, ки маҳсули зарробхонаҳои ин се шаҳр дар тамоми мулк як хел гардиш мекард. Барои қуллай ва осонтар намудани тиҷорат сиккаҳоро ба се арзиш — якдинора (динор — сиккаи мис), дудинора ва тангаи майда зарб мезаданд.
Тангаҳои гирдордашудаи осорхона бештар асрҳои XV — XIX-ро дар бар мегирад. Дар байни онҳо тангаҳои Бухорои Шариф (1792—93), ки дорои сулолаи Манғитӣ буда, сиккаи нуқрагии амир Дониёл-бий, сулолаи манғитии сиккаи нуқрагии амир Ҳайдар, пулҳои сиёҳи мисӣ (пули пучак) мансуби асри XIX, тангаҳои асри XIX-и Афғонистон сиккаи Абдураҳмонхон, тангаҳои сиккаи Аҳмадшоҳи қочории Эрон ибтидои асри ХХ ва тангаҳои бо фулузҳои гуногун сикка задаи Россияи подшоҳӣ, ки мансуби асри XVIII ва ибтидои асри ХХ-ро дар бар мегирад, маҳфузанд.
Гуногунии тангаҳо далели эътимодбахши савдои тиҷоратии Қаротоғ бо кишварҳои Осиё ва Россияи подшоҳӣ мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё