Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ва пурҷанг, хонаҳои атроф аз лой (гил) сохта шуда буд. Рӯи бозор кушода ва чизҳои дар он фурӯхта мешудагӣ ниҳоят ифлос, дар ҳавлиҳои кушод корвонсарой ва масҷидҳои ба назар нонамоён ҷойгир шуда буданд. Дар ин ҷой гадоҳои аз маҳаллаҳои кӯҳӣ ва аз Афғонистон омадаро дидан мумкин буд... Занҳои маҳаллиро бо либосҳои безеб вохӯрдан мумкин буд. Онҳо дар рӯяшон чашмбанд гирифта мегаштанд. Бачагон бошанд, то миёнашон луб-луч, логар ва сип-сиёҳ... Маскани тобистонии Қӯшбегӣ аз яке аз зеботарин шаҳрҳои Шарқ фарқе намекард» (14).

Дар ибтидои асри ХХ археологи америкои Р. Помппели ҳангоми аз шаҳри Қаратоғ гузар карданаш дар хотираҳояш қайд кардааст: «Шоҳии Қаратоғ ва Ҳисор дар ҳамаи шаҳрҳои Осиёи Марказӣ арзиш дорад». Ӯ боз расми ду дӯкони бофандагии Қаратоғро аксбардорӣ кардааст.

Дар растаҳои бозори Қаратоғ ба ғайр аз молҳое, ки дар Қаратоғу деҳаҳои атрофи он истеҳсол шуда, боз маҳсулоти бекигарии Қубодиён ва Бухоро, ба монанди қумғон, дӯнг, офтоба, коса, дастшӯй, чойник, шамъ ва дигар лавозимоти мисии рӯзгор фурӯхта мешуданд.

Аз Қошгар зарфҳои чинӣ, матоҳои пахтагин оварда дар растаҳо мефурӯхтанд.

Ҳиндуҳо бошанд, дар растаҳо нил (ранг), замҷ мефурӯхтанд. Дар худи деҳаи Қаратоғ яҳудиҳои осиёимиёнагӣ ва ҳиндуҳо зиндагӣ мекарданд. Каримзаргар аслан ҳинду буд ва дар ҳамин деҳа оиладор шуда ба заргарӣ машғул шуд.

Дар ҳавлиҳои бисёр давлатмандони деҳа меҳмонхонаҳои калон бунёд карда шуда буд ва онро «Қӯшхона» ном мебурданд. Дар «Қӯшхона» савдогарони аз кишварҳои дурдаст омада, хобу хез мекарданд. Ҳар савдогар мувофиқи муддати истифодаи «қӯшхона» ба соҳиби он ҳақ медод.

Дар бозори Қаратоғ ва дар байни косибону ҳунармандоне, ки дар дастаҳои бозор мол мефурӯхтанд, ченакҳои махсуси вазн муайян шуда буд ва номи хоси худро дошт. Олим-этнограф, Н. Н. Ершов ченакҳои вазнро дар Қаратоғ бисёр ҳам аниқтар дар китобаш сабт кардааст. Инак, гирдовардҳои ӯро оиди

пешина
аз 214
навбатӣ