Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

55 Сабадбоф Марде, ки аз шохчаи дарахт сабад,
қаҷова мебофад.

56 Саисбон Марде, ки асп мебонад.

57 Саройбон Марде, ки саройҳои бозорро назорат мекунад.

58 Сартарош Марде, ки ба сартарошӣ машғул аст.

59 Сарроч Марде, ки зини аспу хар, афзоли онро месозад.

60 Сангтарош Марде, ки санги оснёб, угӯракро аз санг метарошад.

61 Сандуқсоз Марде, ки аз чӯбу тахта сандуқ месозад.

62 Сақов Марде, ки сари чорворо бурида ба
қассоб медиҳад.

63 Саноҷсоз Кулоле, ки барои мардум зарфҳои
хурмамонанд месозад.

64 Собунгар Марде, ки аз равған, гиёҳ, ишқор собун мепазад.

65 Сӯзангар Оҳангаре, ки аз мех сӯзани дӯзандагӣ месозад.

66 Сурфадӯз Шахсе, ки аз ҷарму матоъ барои хамир ҷойғаҳ медӯзад.

67 Танобчӣ Марде, ки бо ресмон замин чен мекунад.

68 Тармафурӯш Марде, ки аз кӯҳ тарма (яҳ) оварда мефурӯшад.

69 Тарозучӣ Марде, ки дар бозор тарозу тақсим
мекунад.

70 Тӯкумдӯз Марде, ки аз латтапора ва намад
тӯкуми хар медӯзад.

71 Ӯстокор Марде, ки дар ҳавлиаш дӯкон дорад.

72 Фаранчидӯз Зане, ки аз матоъҳои гуногун фаранчӣ медӯзад.

73 Халифагӣ Марде, ки дар хонаи мардум ба бофандӣ машғул аст.

74 Чармгар Марде, ки аз пӯсти ҳайвонот чарм
тайёр мекунад.

75 Чархкаш Марде, ки бо чархи оҳангарон олот
тез мекунад.

76 Чархсоз Чӯбтароше, ки барои бофандаҳо чархи ресандагӣ месозад.

77 Чарчинфурӯш Марде, ки дар бозор молҳои майдаю ҷайда мефурӯшад.

78 Човагар Марде, ки аз чӯб ё чӯбкаду зарфи
равғангирӣ месозад.

79 Чӯпон Даҳмардае, ки бузу гӯсфанд мечаронад.

пешина
аз 214
навбатӣ