Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

28 Мардикор Марде, ки ба меҳнати кироя шуғл
дорад.

29 Маҳсидӯз Марде, ки аз чарм маҳсии мардона
ва занона медӯзад.

30 Меҳҷагар Оҳангаре, ки аз сими оҳанӣ мех месозад.

31 Мӯзадӯз Марде, ки аз чарм мӯза медӯзад.

32 Мӯкидӯз Марде, ки аз чарм мӯкӣ медӯзад.

33 Мисгар Марде, ки бо фулузи мис олотҳои рӯзгор месозад.

34 Мироб Марде, ки ба обу обёрӣ сару кор дорад.

35 Машқоб Шахсе, ки ба обкашонӣ машғул аст.

36 Наългар Оҳангаре, ки танҳо наъли асп месозад.

37 Нонвой Марде, ки дар танӯр нон пухта мефурӯшад.

38 Носфурӯш Марде, ки аз тамоку, равған, оҳак
нос тайёр мекунад.

39 Оҳангар Марде, ки аз фулуз олотҳои рӯзгор
ва деҳқонӣ месозад.

40 Осиёбон Марде, ки ба осиёи ордкунӣ сарварӣ
мекунад.

41 Обҷок Марде, ки дар тору пуди бофандӣ
маҳорат дорад.

42 Ордфурӯш Деҳқоне, ки гандуми худро орд карда мефурӯшад.

43 Пахтасоз Зане, ки бо савачӯби ҳаҷагӣ пахтаро ғоз медиҳад.

44 Подабон Марде, ки чорвои мардумро мебонад.

45 Посбон Марде, ки чизеро посбонию дидбонӣ
мекунад.

46 Пардозчӣ Андовагаре, ки маҳорати бо лой пардоздиҳӣ дорад.

47 Пилтабоф Зане, ки барои чароғ пилта мебофад.

48 Пӯстфурӯш Қассобе, ки ба чармгарон пӯст мефурӯшад.

49 Пилларес Зане, ки аз пилла нахи абрешим мересад.

50 Пиллакаш Зане, ки аз пилла нахро ҷудо карда метавонад.

51 Рангрез Марде, ки барои бофандаҳо ранг
тайёр мекунад.

52 Рангфурӯш Марде, ки дар бозор ранг мефурӯшад.

53 РЕСМОИрес Зане, ки аз пахта наҳ мересад.

54 Равғанфурӯш Деҳқоне, ки равғани ҷувози худро мефурӯшад.

пешина
аз 214
навбатӣ