Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
ҷангӣ даъват шуд. 20 августи соли 1942 дар набардҳои остонаи шаҳри Ржевск қаҳрамонона ҳалок гардид. Қабраш дар ҳамон ҷост.
Бӯриев Мустафоқул, соли таваллудаш 1916. То ба набарди ҷангӣ даъват шуданаш дар мактаби миёнаи деҳаи Қаротоғ омӯзгор буд. 5 апрели соли 1943 дар набардҳои Камонаки Курск қаҳрамонона шаҳид гашт ва дар ҳамон ҷо ба хок супурда шудааст.
Давлатов Файзулло, соли таваллудаш 1910, аз оилаи деҳқон. Дар колхози «Коммуна» колхозчӣ шуда кор мекард. 4 ноябри соли 1942 ба набард даъват гардида, ибтидои моҳи феврали соли 1944 сахт ярадор мешавад. 2 феврали соли 1944 дар шаҳри Омск вафот кард. Ӯро дар оромгоҳи шимолии ноҳияи Сталин ба хок супориданд. Рақами қабраш 54.
Ёқубов Наҷмиддин, 23 октябри соли 1943 дар вилояти Запорожье ноҳияи Васильевка, деҳаи Эрид қаҳрамонона ҳалок гардид ва қабраш дар ҳамон ҷост.
Зарифов Абдулло, соли таваллудаш 1908. 21 январи соли 1943 аз ноҳияи Шаҳринав ба набард даъват карда шуд. 6 июни соли 1943 дар деҳаи Турейка, ноҳияи Тускари вилояти Курск қаҳрамонона шаҳид гашт ва қабраш дар он ҷост.
Зарифов Нарзӣ, соли таваллудаш 1910. 9 сентябри соли 1943 дар деҳаи Новосутаво, ноҳияи Ярак, вилояти Смоленск ҳалок шудааст ва дар ҳамон ҷо дафн карда шуд.
Зиёев Зокир, дар полки 1269 ҳамчун аскари қаторӣ хизмат мекард. 22 июни соли 1944 дар ноҳияи Выборги вилояти Ленинград қаҳрамонона шаҳид гашт ва мазораш он ҷост.
Исмоилов Имом, дар набарди ҷангӣ солдати қаторӣ буд. 5 июли соли 1944 дар шаҳри Шуя, вилояти Иванов, дар қабристони Вознесенск ба хок супорида шуд. Рақами қабраш 229.
Ибодов Раҳмат, соли таваллудаш 1910. 7 июни соли 1943 ба набард даъват шуд. Дар қисми ҳарбии 68577 хизмат кард. 7 апрели соли 1944 дар деҳаи Дубава, ноҳияи Ковел, вилояти Волынск қаҳрамонона шаҳид гашт ва мазораш он ҷост.
Мардонов Раҷаб, соли таваллудаш 1902. 17 апрели соли 1943 ба набард даъват шуд. 6 июли соли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё