Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

1943 дар деҳаи Красавка, вилояти Курск, ноҳияи Тросянск дафн карда шуд.

Мардонов Саттор, дар полки 889-уми тирандозӣ хизмат кардааст. 17 июли соли 1944 дар деҳаи Смолярна, ноҳияи Владимир, вилояти Волынск дафн карда шуд.

Маҷидов Рашид, соли таваллудаш 1923, то ба набард даъват шуданаш, коргар буд. Соли 1941 ба набард даъват шуд. 18 ноябри соли 1943 дар деҳаи Урыча, ноҳияи Невилск, вилояти Калинин гӯронда шуд. Рақами қабраш 1.

Меликов Остон, баъди ҷароҳати вазнин 25 ноябри соли 1944 ҳалок шуд. Дар шимолу шарқии деҳаи Земтури уезди Митавск ҶШС Латвия ба хок супорида шуд.

Назиров Ҷаббор, соли таваллудаш 1908, аз оилаи деҳқон. Соли 1941 ба набарди ҷангӣ даъват шуд. Ӯ дар полки 1174-уми тирандозӣ хизмат мекард. 3 сентябри соли 1944 дар ғарбии деҳаи Росток, ноҳияи Беловодск, вилояти Ворошиловград қаҳрамонона шаҳид гашт ва мазораш он ҷост.

Норов Умар. 9 декабри соли 1943 дар баландии 186 метр дар ноҳияи Знаменка, вилояти Кировоград ба хок супорида шудааст.

Орифов Мардон, соли таваллудаш 1923. 26 апрели соли 1943 ба набард даъват шуд. 28 августи соли 1943 дар шимоли деҳаи Сумородишка, ноҳияи Демидов, вилояти Смоленск дафн карда шуд.

Раҳимов Усмон, соли таваллудаш 1923, то ба набард рафтанаш колхозчӣ буд. 26 апрели соли 1943 ба набарди ҷангӣ даъват шуд. 18 августи соли 1944 дар натиҷаи ярадоршавии вазнин аз олам чашм пӯшид. Як километр дуртар, дар шимолу ғарбии қӯрғони ноҳияи Вультуруши деҳаи Соменеси уезди Яскои Румыния гӯронда шуд.

Раҳимов Ҷӯрақул, 28 сентябри соли 1943, дар деҳаи Антоновкаи ноҳияи Красногорски вилояти Орлов ба хок супорида шуд.

Раҳимов Ҷӯрақул, 28 сентябри соли 1943, колхозчӣ. Соли 1941 ба набард даъват карда шуд. Дар полки 539-ум хизмат кард, 8 сентябри соли 1944 дар

пешина
аз 214
навбатӣ