Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Бо сухан тасхир карди оламе
Чун сипаҳсолори дунёи сухан.
Ҳусни занро хомаат тасвир кард
Чун баҳори оламорои сухан.
Ҳифз бинмуди зи дасти нокасон
Сулҳро бо теғи буррои сухан.
Навниҳолонро ту парварди ба меҳр,
То шавад обод фардои сухан

А. Беҳруз. (35).

БАРОИ ҲУРМАТИ МӮИ САФЕДАШ

М. Қаноат. (36).

Барои ҳурмати мӯи сафедаш,
Ки ҳар тораш чу як роҳи сафед аст.
Барои дил, дили оннавораш,
Ки аз чашму нигоҳи ӯ падид аст.
Барои хотири шеъраш, ки онро
Ба роҳи хеш болу пар намудам,
Барои шеъри мардумошнояш,
Ки аз он шеъри худро сар намудам.
Барои ҳиммату номи баландаш,
Балландиҳои чун чархи баримаш,
Барои хоксориҳои покаш,
Таҳаммулнокии ҳамчун заминаш.
Қасам бар ҷону виҷдони ҷавонам,
Агар дар шеър қутби нав кушоям,
Аз он субҳ чун ахтар бароям,
Ба назди шеъри ӯ таъзим намоям!

НОСИРҶОН МАЪСУМИ

Маъсумиро имтиҳони зиндагӣ фархунда сохт,
Пои услубшиносиро басе поянда сохт.

Р. Ҷӯрабоев.

Н. Маъсумӣ 2 майи соли 1915 дар гузари Тошқӯргони деҳаи Қаротоғи водии Ҳисор дар оилаи оҳангари камбағал ба дунё омадааст. Падари Носирҷонро, мувофиқи нақли пирамарди 94-солаи деҳа Мирзо Бобо, дар деҳаи Эшони Маъсуми ҷомафурӯши самарқандӣ ба забон мегирифтанд. Носирҷон дар синни яксолагиаш аз падар ятим монд. Ӯ ҳамроҳи модаркалонаш ва модараш дар ҳавлиашон мезист. Зулфиқор Нор ном тагояш, ки дар Самарқанду Панҷакент мардикорӣ мекард, сари чанд вақт қутии лоямути худро бардошта ба Қаротоғ меомад ва онҳоро хабар мегирифт.

пешина
аз 214
навбатӣ