Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

зулми миллӣ ва мустамликаҳо ҷону миллатчиён ҳисси бадбинӣ мепарварад.
Брагинский.

Агар дар ситоиши Мирзо Турсунзода ҳарф занам, ин чунин маънӣ дорад, ки мо дар хусуси як давраи томи адабиёти шӯроӣ сухан меронем, ки ӯ симои бузурги он буд. Вай бо шеъри худ дили оламу оламиёнро тасхир кард.

Наби Ҳазрӣ, озар.

— Ӯро борҳо дар ҳазор ҷо ва як бор дар сафар дида будам; тафовуте дар ҳолаташ набуд ва нишоти ёриро аз ҳазар ба сафар мебурд. Дӯсташ медоштем, чаро ки чун ӯ марде дар рӯзгори мо бисёр набуд ва бисёр нахоҳад буд.

Н. Нодирпур.

Мирзо Турсунзода ҳам барои хонандаи умумииттифоқ рӯҳи замон буд.

Хмаяк Сирас, арман.

Муборизи шӯълавари сулҳ ва дӯстии байни халқҳо, ватандӯсти бошараф Мирзо Турсунзода яке аз адибони шоёни Шарқи Шӯроӣ мебошад, ки асарҳои ӯро танҳо ба забони модариаш бештар аз панҷоҳ миллион одамон мутолиа мекунанд.

А. Тукумбоев.

Ман Мирзо Турсунзодаро ҳамчун шоир ва инсон дӯст медорам. Фаъолияти адабӣ ва ҷамъиятии ӯ ба якдигар вобастаанд, ки яке дигареро пурра мекунад ва инкишоф медиҳад.

Петрус Бровка.

ТО СУХАН БОҚИСТ

Чун қадам мондӣ ба дунёи сухан,
Ранги нав бигрифт маъвои сухан.
Шоиро, шодоб кардӣ боғи шеър,
Бо дили монандӣ дарёи сухан.

пешина
аз 214
навбатӣ