Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

форсӣ, яъне тоҷикӣ сухан мегуфт ва менавишт, ки вай лаҳҷаи ғазал буд.

Файз Аҳмади Файз.

Ман таъкид кардан мехоҳам, ки на танҳо назми ин шоири номвари даврон оламгир буд, ки онро дар соҳилҳои уқёнусҳои Ором, Ҳинд ва Атлантик хонда-ем, балки барои мо ва барои наслҳои минбаъда вай классики адабиёти тоҷик буд, ҳаст ва ҳамин тавр хо-ҳад монд. Вай баробари баландиҳо нозукиҳои назми ҳаёти оддиро низ нағз медонист.

А. Сафронов.

Мирзо бо шеъри худ, бо шеъри соддаву равон, пурмазмун ва дилошуби худ дар адабиёти мо, дар таърихи маданияти навини мо зиндааст. Ӯ дар дили мо ҷой дорад ва ин мавқеъ, ин эҳтиром ҳаргиз фаро-мӯш шудани нест.

Раҳим Ҳошим.

Ҳар куҷое халқ буд, Мирзо Турсунзода буд,
Ҳар куҷое Турсунзода Мирзо, халқ буд.

Бозор Собир.

Вақте ки шеърҳои Ҳиндустони Мирзо Турсунзо-даро аз сари нав мехонам, дар бораи халқе, ки ҳамин тавр устодони сухан ва ҳамин тавр адабиёт-ро ба ву-ҷуд овардааст, бо миннатдории бузург сухан меро-нем.

Леонид Леонов.

Мирзо Турсунзода... суханвари арҷманд... дар кишвари худ бисёр азизу мӯътабар аст ва назди мо чунин аст.

Парвиз Нотили Хонларӣ.

Аз ҳар сатри ашъори ӯ оҳанги интернационализм меояд ва хондаву шунаванда онро табиӣ қабул кар-да, дар замираш нисбат ба меҳнаткашони олам, қатъи назар аз тафриқаи миллию ирқиашон ҳисси муҳаб-бат, ҳисси бародарӣ, нисбат ба ҳама гуна зуҳуроти

пешина
аз 214
навбатӣ