Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
дигарон шарик шуда метавонист. Вай дар айни замон бо солоиш хандида метавонист, — Набзи дили шоир аз ояндаи инсоният ва тамоми тамаддуни мо мужда медод.
Мирзо Иброҳимов.
Мирзо Турсунзода бузургтарин шоир ва машҳуртарин тоҷик буд.
Қайсин Қулиев.
Ба фикри ман, бахти шоири мо Мирзо Турсунзода дар ҳамин аст, ки меҳру муҳаббати ҳамватанонаш нисбат ба ӯ то ба дараҷаи эътирофи халқҳои дигар вусъат ёфтааст. Чунин писар, ки ақлу истеъдод ва хизматҳояш сазовори эътирофи дигарон ҳам шудааст, барои падар ду карат азиз ва меҳрубон аст.
Мустай Карим.
Шоири ҳақиқӣ на танҳо ганҷинаи назми кишвари худро ҳифз мекунад, балки онро бойтар мекунонад. Мирзо Турсунзода ҳам ҳамин хел шоир аст. Вай на танҳо гузаштаву ҳозираи Тоҷикистонро нишон медиҳад, балки дарвозаи Осиёро ба рӯи мо мекушояд.
Вера Инбер.
Шумо дар ҳақиқат ҳам вориси арзанда ва қонунии ганҷинаи бузурги назми ҳазорсолаи халқамон, шараф ва ифтихори адабиёти тоҷик мебошед, ки садои Шумо орзую умедҳои тамоми одамони Шарқи бедоршударо ифода мекунад.
Бобоҷон Ғафуров.
Мирзо Турсунзода устоди барӯманд ва серталаби қобилиятҳои наве буд. Халқи шӯроӣ дар шахси ӯ намунаи олии хизмат кардан ба назм, садоқат ба ҳизб ва образи коммунисти матинииродаро дидааст.
Николай Тихонов.
Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки мӯътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд. Дар ҳама ҷо ӯро дӯст медоранд. Ӯ Ватани худро, халқи худро дӯст медошт. Ӯ бо забони классикни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё