Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Гӯй, моро маънии ин реҳлати бевақт чист?
«Аз лаби руди Харангон то сари кӯҳи Ҳисор»
Мекунад таъкид моро зист, бояд зист, зист!
Дӯстон, дигар магӯедам, ки Турсунзода нест,
Он сипаҳсолори назм—он шоири дилдода нест.
Ақли дунёро ба каф оварда бар мо дода нест!
Ҳаст ӯ бар қисмати мо мекунад як умр зист!

Барои абадӣ гардонидани хотираи М. Турсунзода Хонаи адибони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ноҳияи Регар ва шаҳри Регар ба номи ӯ гузошта шуданд. Дар шаҳри Ленинобод ва шаҳри Душанбе музеи адабии ёдгории М. Турсунзода ба кор даромад. Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи шоир гузошта шуд. Соли 1980 13 нафар кӯҳнавардон бо сардории Виктор Галактионов дар ҷанубу ғарбии кӯҳҳои Помир қуллае, ки аз сатҳи баҳр 6038 метр баланд аст, поясанги хоро гузошта дар рӯи он акси шоир ва исму насаби онро сабт намуданд. (77).

7-маи соли 1983 дар зодгоҳи шоир деҳаи Қаротоғ бахшида ба рӯзҳои назми М. Турсунзода музеи санъати амалию халқии ба номи М. Турсунзода кушода шуд. Ҳуҷраи кории шоир аз Иттифоқи нависандагон ба ин даргоҳ кӯчонида шуд, ки бештар аз 200 расму аснод, китобу дастхатҳои шоирро дарбар мегирад. Ҳар сол дар рӯзҳои «Ҳафтаи ёдбуд» ҷамъомадҳои умумии дӯстдорони ашъори шоир баргузор мегардад.

Дар ситоиши Мирзо Турсунзода бисёр адибони шинохтаи ватанамон ва берун аз ҳудуди он сатрҳоеро ба қалам овардаанд.

Мехоҳам дар бораи Иттиҳоди Шӯравӣ достоне нависам, ки мисли достони шоири тоҷик Мирзо Турсунзода дар бораи Ҳиндустон бошад.

Мулк Роҷ Ананд.

Ҳар миллате, ки чун Мирзо Турсунзода фарзанд
дорад, миллати саодатманд аст.

Ахвеледниани, профессор.

— Вай аз забони зиндагӣ моҳирона баҳра мебардошт, чӣ будани ғаму андӯҳро мефаҳмид ва ба бадбахтии

пешина
аз 214
навбатӣ