Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
шоир хотираҳо доштанд, нақлҳои шавқангез карданд.
24 сентябри соли 1977 М. Турсунзода — устоди назми шӯравии тоҷик дар синни 66-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Маросими мотам дар майдони 800-солагии Москваи пойтахти ҷумҳуриятамон шаҳри Душанбе ороста шуд.
Минбари мотамро Раиси Шӯрои Вазирони ҷумҳурият Р. Н. Набиев кушод, дар бораи ғаму андӯҳи ҷумҳурият, ҳаёт ва фаъолияти адабию ҷамъиятии шоир сухан ронд. Дар рӯзи мотам намояндагони ташкилоти якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо, аъзоёни Кумитаи Шӯрои сулҳи ИҶШС, нависандагони ИҶШС ва дигарон иштирок доштанд. Дар охир котиби якуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мӯмин Қаноат бо сӯзу гудоз сухан гуфт ва ду байти Ҷалолиддини Румиро қироат кард:
Ту тоҷик чӣ кунӣ, чунки офтоб шудӣ,
Намр чаро талабӣ баски аз миён рафтӣ
Аҷаб чӣ нодира мурғе, ки дар шикори адаб,
Ту бо ду пар чу сипар ҷониби синон рафтӣ.
Тобутро бо ҷасади марҳум ба боғи Лучоб бурданд.
Муҳаббати шоиронаю инсонпарваронаи М. Турсунзода дар дили ҳар як бошандаи ҷумҳурият, дар қалби дӯстонаш, ҳамеша боқист.
Қутбӣ Киром баъд аз шунидани марги ногаҳонии устодаш қалам рӯи қоғаз давонд, ба ёди ӯ марсия навишт:
Дӯстон, имшаб нагунҷад дар ҷаҳон озори ман,
Мезанад оташ ба гардун оҳи оташбори ман.
Лашкари ғам ҳамлавар омад ба сӯи кулбаам,
Чун тараб то рафт аз сар дасти дилбардори ман.
Баски ӯ умре сукунат дошт дар виҷдони ман.
ЯК нафас бе ӯ набудӣ давраю даврони ман.
— Боби Турсунзода, чун аст? Кай расад ӯ аз сафар?
Ман чӣ гӯям, агар пурсанд фарзандони ман?
Оснӣ бедортар шуд, ту чаро хуфтӣ, падар?
З-ин алам аз баҳри чӣ бар мо намегуфтӣ, падар?
Обаки Варзоб имшаб нола дигар мекунад,
Ту магар кӯҳро ба оҳанги дилат суфтӣ, падар?
Ними умри беҳтаринат рафта буд андар сафар,
Халқ мегуфтию ҳар дам мешудӣ аз худ ба дар.
Ҳар сафар меомадӣ ҳандон ту бо ашъори тар,
Ин сафар! Навбат туро арзанда, эй имдодгар!
Гард аз раҳ, гард, эй ҳар тори мӯят коммунист,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё