Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Меҳнати Социалистӣ доданд. Ҳамон сол ӯ соҳиби медали тиллоии «Досу болға» гардид. Соли 1968 барои хизматҳояш дар роҳи мустаҳкам намудани сулҳ ба шоир мукофоти ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру, сонитар ба ӯ ҷоизаи медали тиллоии Ҳаракати якдилии Африқо ва Осиё ба номи Ҷамол Абдулносир дода шуд.
Соли 1969 барои шеърҳояш ба ҷавонон бахшидааш унвони Лауреати мукофоти комсомоли Лениниро гирифт.

М. Турсунзода боз бо чор «Ордени Ленин», ордени «Инқилоби Октябрь», се ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», ду ордени «Нишони Фахрӣ» ва медаллҳо қадр карда шудааст (34).

М. Турсунзода — депутати Шӯрои Олии ИҶСС аз даъвати дуюм то даъвати нуҳум интихоб шуда буд.
Ӯ ҳамчун намояндаи бовариноки халқаш дар иҷрои дархостҳои мардум ҳамеша кӯшиш мекард. Инак, иқтибосеро аз китоби Павел Лукницкий «Тоҷикистон» меоварем:

...Як шаби сербориши зимистон М. Турсунзода ба зодгоҳи худ омад. Ҳамқишлоқиҳо шоири худ ва депутати ба Шӯрои Олии ИҶСС интихоб кардаи худро меҳмон намуданд... Вақте ки М. Турсунзода ба шаҳр равон шуд, аз колхозчиён пурсид, ки чӣ эҳтиёҷҳо доранд, ба онҳо вай чӣ гуна ёрӣ бояд расонад.

Ҳар колхозчӣ метавонист илтимоси шахсие арз кунад, вале колхозчиён бо як овоз фақат як чиз илтимос карданд: «Қишлоқи мо маркази ноҳия, ҳатто маркази колхоз ҳам нест. Як мактаби ҳафтсола дорем, ки бинои он хеле бад аст ва кӯдакони мо дар ҳуҷраи Афғонбой мехонанд. Мо аз Шумо, депутати худ, илтимос менамоем, ки барои сохтани мактаби даҳсола ёрӣ расонед!».

Шоир илтимоси колхозчиёнро ба ҳукумати ҷумҳурият арз кард. Ҳукумат қарор дод, ки тобистони ҳамон сол дар Қаротоғ мактаб бино карда шавад. Давлат ба сохтмони мактаб 340000 сӯм харҷ кард. (15, саҳ. 321).

Соли 1971 дар Қаротоғ 60-солагии Мирзо Турсунзодаро ҷашн гирифтанд. Ҳамроҳи шоир дӯстонаш, — адибони Ҳукумати Шӯроӣ низ иштирок менамуданд.
Ҳамсолони Мирзо ва он пироне, ки дар бораи волидони

пешина
аз 214
навбатӣ