Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Модари Носирҷон барои гузаронидани рӯзгор ба тӯқидзӣ, ҷомадӯзӣ, ҷойнамоздӯзӣ ва рӯймолдӯзӣ машғул шуд.

Модаркалонаш бибихалифа буд ва духтарони деҳаро бо хоҳиши волидонашон таълим медод. Ӯ аввал алифбои арабиро меомӯзонду баъдтар қироати қуръонро. Бибихалифа дар байни занони деҳа шахси барӯманд буд. Дар синни панҷсолагӣ Носирҷон модаркалонаш аз олам чашм пӯшид. Акнун, ӯ танҳо бо модараш монд. Модари Носирҷон Гавҳар ном дошт. Ӯ баробари ҳунарманд буданаш боз маҳорати хондану навиштан, ва сурудан дошт. Баъзан бо дутор суруд мехонд. Носирҷон хондану навиштанро нахустин маротиба аз модараш омӯхт.

Дар Қаротоғ дар он солҳо тохтутози босмачиён мардумро бесаранҷом мекард. Чӣ тавре ки ҳамсари Носирҷон Вера Пантелеймонова хотираҳои ӯро дар китобчаи худ «Мой Мир озарен красотой» ба қалам додааст, Носирҷон дар он солҳои тангу тор ва зулмпарвар дар қатори дигар ҳамдеҳагонаш бисёр воқеаҳоро бо чашми худ мушоҳида кард. Вақте ки босмачиён ба деҳа ворид шуданд, Носирҷон бо модараш дар рӯймолча каме хӯрок ва дар кӯза об гирифта ба қабристон мебаромаданд ва дар дохили қабрҳои чӯкида пинҳон мешуданд. Касе бо босмачиён рӯ ба рӯ шавад ва ё муқобилат нишон диҳад, ӯро азобу шиканҷа дода мекуштанд.

Соли 1923 тағояш Зулфиқор Носирҷон ва хоҳарашро ҳамроҳ гирифта бо роҳи Ҳакимӣ аз Қаротоғ баромад, аз ағбаи кӯҳи Ҳисор гузашта, ба дараи Зарафшон фаромад ва ба қишлоқи Бахшитеппаи Самарқанд расид. Ин қишлоқ дар сари роҳи Панҷакенту Самарқанд воқеъ аст.

Тирамоҳи соли 1923 модари Носирҷон бо Маъсуми Асад ном марде, ки аз ӯ бист сол калон буд, оиладор шуд. Ӯ модар ва панҷ писар дошт. Се нафар писараш дар дигар шаҳрҳо зиндагӣ мекарданду ду нафарашон Саид ва Малла дар Бахшитеппа. Соли 1924 Носирҷон ба мактаби Бахшитеппа рафт, таҳсилро оғоз намуд. Худи ҳамон сол бародараш Ҳайдар ба дунё омад, баъди чор сол ҳамширааш Мусаллама.

пешина
аз 214
навбатӣ