Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Дар забони адабии тоҷик умумияти як мубтадо ба сарҷумла ва ҷумлаи пайрав нисбат ба умумияти дигар аъзоҳои ҷумла бештар ҷой дорад. Бештарини ҷумлаҳои пайрави сабаб, ки дар байни аъзоҳои сарҷумла ҷойгир шудаанд, он сарҷумла ба воситаи пайвандаки ки алоқа пайдо мекунанд ва бо он соҳиби мубтадои ягона мебошанд:

Амир, ки соҳиби мамлакат аст, фармон медиҳад, муллоҳо, ки соҳиби шариатанд, фатво медиҳанд ва мо мувофиқи фармон ва фатвои онҳо мекӯшем (С. Л., Кул., ҷ. 1, саҳ. 118).

Нуралӣ, ки шабро бо азоби бехобӣ саҳар карда буд, дар ин дами раиси нави советӣ ҷамоаро бад дид (С. У., Озодбод, саҳ. 214).

Баъзе ҷумлаҳои пайрав бо сарҷумла дар ягонагии хабар ва дигар аъзоҳои пайрав низ воқеъ мегарданд. Аммо ягонагии хабар нисбат ба ягонагии мубтадо ниҳоят кам ва нисбат ба ин ягонагии аъзоҳои пайрав дар сарҷумла ва ҷумлаи пайрав боз ҳам камтар аст.

Хусусияти дигари ҷумлаҳои пайрави сабаби эзоҳӣ дар он аст, ки баъзеи онҳо ба яке аз аъзоҳои сарҷумла тобеъ буда, онро шарҳу эзоҳ медиҳанд, баъзеи дигарашон тамоми сарҷумларо шарҳ медиҳанд:

Вай ба деҳа маҷбуран омада буд: дар омӯзишгоҳ, ки зонаи тарбияхонаи бачагон будааст, ӯро ба сабаби калонии синнусолаш дигар нигоҳ дошта натавонистаанд (С. У., Субҳи мо, саҳ. 155).

Дар ин мисол ҷумлаи пайрави сабаб асосан аъзои пайрави ҳол маҷбуранро эзоҳ медиҳад. Ҷумлаи пайрав ба туфайли ҳамин аъзо ба амал омадааст, вагарна ҳеҷ гуна зарурриғе надошт.

Дар мисолҳои зерин ҷумлаи пайрав на ин ки аъзоҳои ҷудогона, балки тамоми сарҷумларо эзоҳ медиҳад:

  1. Амакам аз баста шудани мактаб хурсанд гардид, зеро минбаъд бо воситаи мактабхонӣ кори хонаю рӯзгорро камтар мекурдагӣ шуда будам (С. У., Субҳ. ҷав. мо, саҳ. 197).

  2. Дар давраҳои баъд аз инқилоб, дар давраҳои босмачигарӣ ҳам рӯзу шабҳои вай дар таҳлуқа гузашт, чунки Исмоил вай ба сафи аскарӣ рафта ба муқобили душмани Ҳокимияти Советӣ бераҳмона мубориза мебурд (Ҷ. И., Шодӣ, саҳ. 112).

Ҷумлаҳои пайрави сабабе, ки бар эзоҳи сарҷумла омадаанд, бо он ба воситаҳои гуногуни синтаксисӣ алоқа пайдо мекунанд, ки намоёнтарин ва серистеъмолтарини онҳо пайвандакҳо ва интонация мебошанд. Ҷумлаҳои мураккаби

пешина
аз 109
навбатӣ