Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
тобеъ, ки сарҷумла ва ҷумлаи пайрави сабаби эзоҳи он ба воситаи пайвандакҳо ба ҳам алоқаманд шудаанд, аз ҷиҳати иҷрои вазифа як хел нестанд. Иҷрои вазифаи чунин ҷумлаҳои пайрав вобаста ба калимаҳои нисбӣ, пайвандакҳо ва ҷойгиршавии аъзоёни сарҷумла ва ҷумлаи пайрав ҳар хел аст. Чи хеле ки дар китобҳои дарсӣ қайд карда шудааст, «Ҷумлаи пайрави сабаб сабаби он чизеро, ки дар сарҷумла гуфта шудааст, нишон медиҳад». Ин вазифаи умумиест, ки ба ҳамин ҷумлаҳои пайрави сабаб танҳо аз ин нуқтаи назар нигоҳ карда онҳоро аз ҳамдигар фарқ накардан дар доираи китобҳои дарсӣ, ки онҳо қоидаҳои асосӣ ва хеле умумиро дар бар мегиранд, маҳдуд шуданро ифода мекунад.
Ҷумлаҳои пайрави сабабе низ ҳастанд, ки бар эзоҳи калимаҳои нисбӣ3 меоянд, ки онҳо дар сарҷумла чун ҳоли сабаб воқеъ мегарданд.
-
Магар он кас ин маблағро барои ин медиҳад, ки чанд рӯз зери ишғел «кайф карда» хобидааст (С. А., Кул., ҷ. 1, саҳ. 131).
-
[Азимшоҳ]—Ин таомулро барои ин кардаанд, ки бештарини чӯпонон мардумони пасти ҳақношинос мешаванд,
аз хӯҷаин ош мехӯранд, нон мехӯранд, пӯшок мепӯшанд,
лекин моли вайро саришта намекунанд (С. А., Кул., ҷ. 11,
саҳ. 92). Ӯ аз ҳамин сабаб ҳам метарсид, ки дар боран табибро овардан розигии Холбутаро нагирифтааст (Р. Ч., Од.
чов., ҷ. 1, саҳ. 121).
Дар ин мисолҳо ҷумлаи пайрави сабаб бар эзоҳи ҳолҳои сабаби барои ин, аз ҳамин сабаб омадааст, ки онҳо калимаҳои нисбӣ, ишорӣ мебошанд.
Дараҷаи тобеияти сарҷумлаю ҷумлаи пайрави сабаб, ки бар эзоҳи калимаҳои нисбӣ омадааст, аз дигар намудҳои ҷумлаи мураккаби тобеъ бо пайрави сабаб ба куллӣ фарқ мекунад.
Дар ин хел ҷумлаҳои мураккаби тобеъ на танҳо ҷумлаи пайрав, балки сарҷумла низ як андоза мустақилияти худро аз даст медиҳад, калимаҳои нисбӣ, ки дар дохили он воқеъ гардидаанд, барои барҳам додани мустақилияти нисбии сарҷумла сабаб мешаванд.
Ҷумлаи пайрави сабаб ҳар як вазифаро вобаста ба фикри дар сарҷумла гуфташуда, вобаста ба шароит ва вазъияти ба амал омадани сарҷумла, ки он, албатта, ба таркиб ва сохти он низ дахл дорад, иҷро менамояд. Аз ин ҷост, ки ҷумлаҳои пайрав аз рӯи вазифа ва мавқеи истеъмолиашон як хел нестанд, онҳо вазифаҳои мухталифи эзоҳиро иҷро менамоянд. Чунончи:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё