Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Таносуби истеъмолии гурӯҳи якум нисбат ба гурӯҳи дуюм якчанд бор зиёд аст.
Умумияти ин ду гурӯҳ ҷумлаҳои пайрав дар он зоҳир мегардад, ки гурӯҳи соий аз хусусияти эзоҳдиҳӣ тамоман озод нест. Характери эзоҳӣ фақат ба ҷумлаи пайрави сабаб на балки ба тамоми ҷумлаҳои пайрав хос аст, ин таъбир дар грамматикаи забони тоҷикӣ дар боби ҳамаи ҷумлаҳои пайрав вомехӯрад. Аз ин ҷост, ки дар матн вазифаи асосии ҷумлаҳои пайрави гурӯҳи дуюм хеле равшан ва барҷаста намоён шуда, ҷиҳати эзоҳӣ доштани он чун хусусияти иловагӣ шуда мемонад.

ҶУМЛАҲОИ ПАЙРАВИ САБАБ, КИ ХУСУСИЯТИ ЭЗОҲӢ
ДОРАНД

Дараҷаи тобеияти ҷумлаҳои пайрави сабаб ба сарҷумла як хел нест: Баъзе ҷумлаҳои пайрав чун ҷумлаи соддаи пурра намудор шуда, барои эзоҳи фикри дар сарҷумла гуфташуда хизмат мекунанд ва ба туфайли ин вазифа воқеъ мегарданд:

  1. Як коса об ва як нон деҳ, ки ба мо як меҳмони бемаҳал омад.
  2. Бедарак нест, ки театрро ба номи сардафтари адабиёти советии ўзбек Ҳамза Ҳакимзода мондаанд, зеро ки вай дар ташкил шудани ин театр ҳанӯз дар солҳои 1919 ва баъд аз он ҳам маънан ва феълан ёрӣ додааст.
    Аммо гурӯҳи дигари ҷумлаҳои пайрави сабаб на танҳо аз ҷиҳати мазмун ва иҷрои вазифа, балки шаклан ҳам тобеи сарҷумла мебошанд, яке аз аъзоҳои сарҷумла дар айни замон аъзои ҷумлаи пайрав ба шумор меравад:
  3. Азбаски ман ҳам ӯро чандон дӯст намедоштам, ба он ҳол аҳамият надодам.
  4. Вай беҷуръатона ва бо овози паст сухан сар кард, зеро ки дар он гуна ҷамъомади калон—дар назди ҳамаи бригадирҳо аввалин бор баромад мекард.
    Дар ду мисоли аввал ҷумлаи пайрав дорои мубтадо, хабар ва аъзоҳои пайрав мебошад, ки аз сараъзо ва аъзоҳои пайрави сарҷумла тамоман фарқ мекунанд ва мустақилии шаклиашон низ дар ҳамин аст, аммо дар ду мисоли соий сарҷумлаҳо ва ҷумлаҳои пайрав дорои як мубтадо мебошанд, ки дараҷаи тобеияти инҳоро бо гурӯҳи аввал як хел ва баробар донистан мумкин нест.
пешина
аз 109
навбатӣ