Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

ҳама вақт бо ҷумлаи пайрав меоянд. Ҷумлаи пайрав он воситаи пайвандакҳои тобеъкунанда на танҳо пас аз сарҷумла ва ё пеш аз он, балки дар байни аъзоҳои он низ меояд, ки ин ба ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаи мураккаби пайваст хос нест.

Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки ҷумлаи мураккаби пайваст ва тобеъ ба ҳам дар алоқаи диалектикӣ мебошанд; дар бисёр ҷумлаҳои мураккаби пайваст аломатҳои тобеният ва дар баъзе ҷумлаҳои мураккаби тобеъ аломати пайвастиро мушоҳида кардан мумкин аст.

Таъбири ҷумлаи пайрав шартӣ буда, пайрав будани он нисбат ба ҳама гуна ҷумлаи содда не, балки танҳо нисбат бо сарҷумлаи худи он ба ҳисоб гирифта мешавад, вагарна ҷумлаҳои пайраве низ ҳастанд, ки аз якчанд ҷумлаҳои содда иборат мебошанд ва ё ҷумлаҳои дигарро ба худ тобеъ намудаанд.

Муайян намудани хусусиятҳои ҷумлаи пайрав танҳо дар ифодаи ва алоқамандии он бо сарҷумла ба инобат гирифта мешавад. Берун аз таркиб муайян намудани он мумкин нест, қисмати сарҷумла ва ҷумлаи пайрав ба туфайли якдигар ба амал меояд ва онҳо ду ҳиссаи як ҷумла буда, бе ҳамдигар дар ифодаи он мазмун оҷизанд. Аз ин рӯ, муайян ва аниқ кардани муносибати байни ҷумлаи пайрав ва сарҷумла дар таҳқиқи ҷумлаҳои мураккаби тобеъ масъалаи асосӣ ба шумор меравад.

Ҷумлаҳои пайрави сабаб аз ҷиҳати вазифа, мавқеи истеъмолӣ ва хусусиятҳои синтаксисӣ ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд:

  1. Ҷумлаи пайрави сабаб, ки сабаби воқеъ гардидан ва ё нагардидани фикри дар сарҷумла гуфташударо нишон медиҳад, онро шарҳу эзоҳ медиҳад ва барои конкрет намудан ва исбот кардани фикри сарҷумла истеъмол меёбад.

  2. Ҷумлаи пайрави сабаб, ки боиси воқеъ гардидани сарҷумла шудааст ва сарҷумла натиҷаи он ба ҳисоб меравад.

Аммо ин тақсимот чунин маъно надорад, ки ин ду тип ҷумлаҳои пайрави сабаб аз якдигар ба таври куллӣ фарқ карда, дар байни онҳо ҳеҷ гуна умумиятӣ набушад. Дар забони адабии тоҷик ҷумлаҳои пайраве ҳастанд, ки танҳо ба яке аз ин гурӯҳҳо мансубанд. Аммо аксарияти мутлақи ҷумлаҳои пайрави сабаб характери эзоҳӣ доранд, агарчи на ҳамаи ҷумлаҳои пайрави эзоҳӣ ва исботкунӣ боиси ба амал омадани сарҷумла шудаанд.

пешина
аз 109
навбатӣ