Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
«Ҳаммолӣ, ки ба ҳаммолӣ расад, лаби ҳамбаро мебӯсад».
Ҳамин тариқ, дар ҷумлаҳои мураккаби тобеи ҳархела сарҷумларо, аз як тараф, ҷумлаи пайрави сабаб эзоҳ дода, дар натиҷаи кадом ҳодиса ва ё воқеа ба амал омадани онро нишон диҳад, аз тарафи дигар, ҷумлаҳои пайрави мухталиф кай, дар кадом шароиту вазъият, бо кадом шарту асос, чӣ гунаву чӣ тарз ва ғайраҳо воқеъ гардидани сарҷумла ё амали онро шарҳ медиҳанд ва баён мекунанд.
Баъзе сарҷумлаҳо на танҳо аз ду, балки аз як чанд ҷиҳат эзоҳ меёбанд ва ҷумлаҳои пайрав ба он бо пайвандакҳои гуногун алоқаманд мешаванд.
ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ САБАБ ДАР ТАРКИБИ ҶУМЛАИ
МУРАККАБИ ОМЕХТА
Ҷумлаҳои содда дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби омехта ба ҳамдигар ҳам бо роҳи пайвастшавӣ ва ҳам бо роҳи тобеъшавӣ алоқаманд мешаванд. Дар ҷумлаҳои мураккаби омехта ҳама гуна ҷумлаҳои соддаро дидан мумкин аст, ки дар таркиби ҷумлаи мураккаб вазифаҳои мухталифро иҷро мекунанд ва ба ҳам дар муносибатҳои гуногуни синтаксисӣ мебошанд. Ҳамаи онҳоро бо тафсил дида баромадан вазифаи мо нест ва масъалаест, ки тадқиқоти махсусеро талаб менамояд. Вазифаи пешгирифтаи мо нишон додани мавқеи истеъмолии ҷумлаи пайрави сабаб дар таркиби ҷумлаи мураккаби омехта, вобаста ба ҳамин муайян намудани сохти ҷумлаҳои мураккаби омехта бо пайрави сабаб, инчунин нишон додани алоқаи ҷумлаҳои соддаи таркиби онҳо ва муносибати қисмҳои асосии ҷумлаи мураккаби омехта мебошад.
Ҷумлаҳои мураккаби омехта бо пайрави сабаб аз ҷиҳати сохт гуногунанд. Онҳо асосан аз ду ҳисса иборат шуда метавонанд, вале ҷумлаҳои мураккабе низ ҳастанд, ки ҳиссаҳои баробарҳуқуқи онҳо аз дуто зиёданд.
Ҷумлаи пайрави сабаб дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби омехта, ки аз ду ҳисса иборатанд, ба тарзи зерин воқеъ мегарданд:
а) яке аз ҳиссаҳо метавонад аз ҷумлаи содда иборат буда, дигаре ҷумлаи мураккаби тобеъ бошад: Тӯи ҳақиқӣ ва никоҳ дар Сари Чӯй шуда буд, азбаски Рустам дар Сари Чӯй ҳавлӣ надошт, никоҳро дар хонаи Қудрат кардани шуда имшаб он ҷоро ороста буданд (С. А., Кул., ҷ. II, саҳ.
119). Мо чун каме пул пасандоз карда будем, маблағе ба унвони тӯёна ба Муслим тақдим намудем, вале ӯ нагирифт (Ҳ. И., Ду ёр аз ду диёр, саҳ. 86). Ман гирифтам ва як бор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё