Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
- Як ва ё ҳар ду ҷумлаҳои пайрави таркибӣ ҷумлаҳои мураккаби тобеи ҳархела метавонад чида шуда ояд.
а) чида шуда омадани ҷумлаи пайрави сабаб: Гарчанки вай дар аввал пассив бошад ҳам, вале пас аз он ки лӯъбаҳак ӯро дар байни ашрофдухтарон номзади худ эълон мекунад, барои нигоҳ доштани шаъну шарафаш муборизи фаъол мешавад, чунки ӯро номзади худ эълон кардани як бойбача аз рӯи урфу одатҳои ҷараёнаш — ишқи ӯро масхара кардан буду бас ва, ба замми ин, ӯ ба ин боварӣ ҳам надошт («Тоҷикистони Советӣ», 1963, 3 март).
б) чида шуда омадани ҳар ду ҷумлаи пайрав: — Чаро нахоҳам, ман ки умри ҷавонам дар зери қонун ва қоидаҳои давраи амирӣ пӯсид, ман ки ҳар чизи худро ба урфу одатҳои кӯҳна аз даст додам, агар дар ин майдони кашмакаши кӯҳнаву нав, дар ин задухӯрди даври амирӣ ва ҳукумати меҳнаткашӣ агар аз дастам ояд, ба ман корфармо бошад ва хизмати ман дар ин роҳ даркор бошад, чаро кор накунам? (С. А., Кул., ҷ. II, сах. 400).
Ин ҷумлаи мураккаби тобеъ аз чанд ҷумла таркиб ёфтааст, яке аз онҳо — Чаро нахоҳам, чаро кор накунам сарҷумла мебошад, ки бо тарзи такрор дар аввал ва дар охири ҷумлаҳои пайрави чидаи сабаб ва пайрави чидаи шарт омадааст. Ҷумлаҳои 1) Ман ки умри ҷавониам дар зери қонун ва қоидаҳои давраи амирӣ пӯсид, 2) Ман ки ҳар чизи худро ба урфу одатҳои кӯҳна аз даст додам пайрави сабаб буда, се ҷумлаи пайрави дигар: 1) агар дар ин майдони кашмакаши кӯҳнаву нав, дар ин задухӯрди даври амирӣ ва ҳукумати меҳнаткашӣ аз дастам ояд, 2) ба ман корфармо бошад ва 3) хизмати ман дар ин роҳ даркор бошад, пайрави шартӣ мебошад.
Дар таркиби ҷумлаи пайрави шартии якум ду бор омадани пайвандаки агар ду ҷумлаи пайрав будани онро шаҳодат намедиҳад, балки вай бо ниятҳои услубӣ, нигоҳ доштани тарзи баёни нутқи даҳонӣ истеъмол ёфтааст.
- Бо сарҷумла аз як тараф ва ё ҳар ду тараф низ ҷумлаҳои пайрави дараҷа тобеъ шуда меоянд; Агар бар ҳар як бригада яктоӣ автомобиль шавад ҳам, боз камӣ мекунад, чунки 56 бригадаи гуногун, ки 32-тааш пахтакор аст, нақлиёт ҳамеша яке аз воситаҳои зарурии пешравии кор аст (Ҷ. И., Ҳикоя ва очеркҳо, саҳ. 137).
— Ҳайр, ин тавр бошад, азбаски меҳри ту ҳам аз лаҳзаи аввал ба дили ман нишастааст, ман бе муқаддима саргузашти сердардисари худамро ба ту нақл мекунам, зеро мегӯянд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё