Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Таносуби истеъмолии ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, ки ҷумлаҳои пайрави сабаб сарҷумлаи онро аз ду тараф шарҳу эзоҳ медиҳанд, нисбат ба ҷумлаҳои пайрави сабаби ҷада маҳдудтар буда, бо ҷумлаҳои мураккаби тобеи дараҷаи сабаб андар сабаб қариб баробар аст.

Дар забони адабии тоҷик ҷумлаҳои мураккаби тобеъ низ ҳастанд, ки ҷумлаҳои пайрави онҳо сарҷумларо аз як чанд тараф шарҳу эзоҳ медиҳанд: Пас аз он ман гарчанде сер бошам ҳам, ҳар он ҷиро, ки маро бо он зиёфат кард, хӯрдан гирифтам, зеро ин ба Додобой амак хурсандӣ мебахшид (С. У., Субҳ. ҷав. мо, саҳ. 301). Алиҷон, ки дилаш сахт ба риққат омада буд, аз гиря худдорӣ намояд ҳам, гиря гулӯгираш шуда буд, ки калимае ба забон оварда наметавонист (Х. И., Ду ёр аз ду диёр, саҳ. 69).

Нависанда, ки устоди забон ҳисоб меёбад, бояд ӯ маънои суханҳоеро, ки дар асарҳояш кор мефармояд, пурра донад ва агар он сухан якчанд маъдӣ дошта бошад, ҳамон онҳоро ба ҷои кор фармуда шудагиашон ёд гирифта, баъд аз он кор фармояд, вагарна дар пеши хонандагон шарманда мешавад (С. А., Шарқи сурх, № 12, 1950, саҳ.
100-101). Дар он рӯзҳо хунҳое, ки рехта буданд, сарҳое,
ки бурида буданд, шикамҳое, ки чок гардида буданд, ва чашмаҳое, ки кофта шуда буданд, ба осудагии қалби ӯ (амир-Р. Ш.) ҳеҷ халал намерасониданд, зеро чунон ки ӯ аз падару бобои худ шунида омада буд ва муллоҳо ҳам аз номи шариат таъкид мекарданд, ӯ сояи Худо буд, ҳамон чизҳои ҷондор ва беҷони мамлакатро ӯ аз они худ медонист ва барои худаш офаридашуда мепиндошт (С. А. «Кул.», ҷ. І, саҳ. 114).

Ба сарҷумлаи ҷумлаи мураккаби тобеи охирин асосан ду хел ҷумлаи пайрав: муайянкунанда ва сабаб тобеъ мебошанд. Аммо ҷумлаҳои пайрави муайянкунанда аз чорто иборатанд, ки на чида шуда омаданду на тобеъ дараҷа.
Онҳо чор аъзои чидаи сарҷумларо муайян мекунанд, бинобар ин сарҷумларо аз чор ҷиҳат эзоҳ медиҳанд, аз тарафи панҷум сарҷумларо ҷумлаи пайрави сабаб (қатъи назар аз сохташ), ки пас аз он омадааст, эзоҳ медиҳад. Аъзоҳои чидаи сарҷумла ҳар қадар зиёд бошад, ҷумлаи пайрави тобеъ сарҷумла ҳамон қадар зиёд шуданаш мумкин аст. Аммо дар забони адабии тоҷик ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, ки сарҷумлаи онро ҷумлаҳои пайрав зиёда аз се ҷиҳат маънедод кунанд, кам дучор меоянд.

Дар ин гуна ҷумлаҳои мураккаби сертаркиба хусусиятҳои зерин низ мушоҳида карда мешавад:

пешина
аз 109
навбатӣ