Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
дар он гуфташударо исбот мекунанд ва ё сарҷумла натиҷаи ҳамаи онҳост, ҳамаи ҷумлаҳои пайрави чида ба сарҷумла бо як пайвандак тобеъ мешаванд ва ё ҳамон як пайвандак бо мақсади услубӣ бо ҳар як ҷумлаи пайрав такрор шуда меояд, аммо ин хусусиятҳо ба ҷумлаҳои пайрави сабаб, ки ба сарҷумла аз ду тараф тобеанд, хос нестанд. Аз онҳо агар яке сарҷумларо эзоҳ диҳад, дигаре фикри дар он гуфташударо исбот менамояд, яке боиси ба амал омадани сарҷумла шуда бошад, дигаре онро эзоҳ медиҳад ва ё бар исботи он омадааст, воситаҳои алоқаи онҳо бо сарҷумла низ як хел нест, ҳатто, агар ҳар ду сарҷумла ба воситаи пайвандак тобеъ шуда бошанд, он пайвандакҳо гуногунвазифаанд. Мисол: Шумо, ки як хизматгори содиқи ҷонсупори ҷаноби мир мебошед, дили он кас ҳам ба тарафи шумост: «дилро ба дил раҳест дар ин гунбази сипеҳр, аз рӯи кина—кинаву аз рӯи меҳр—меҳр» гуфтаанд (С. А., Кул., ҷ. II, саҳ. 37).
Дар ин мисол сарҷумла—дили он кас ҳам ба тарафи шумост дар байни ҷумлаҳои пайрави сабаб омадааст, ки вай нисбат ба ҷумлаи пайрави якум шумо, ки як хизматгори содиқи ҷонсупори ҷаноби мир мебошед натиҷа буда, ҷумлаи пайрави сонӣ—«дилро ба дил раҳест дар ин гунбази сипеҳр, аз рӯи кина—кинаву аз рӯи меҳр—меҳр» барои исботи фикри сарҷумла оварда шудааст. Ҷумлаи пайрави якум ба сарҷумла ба воситаи пайвандаки ки тобеъ шуда бошад, ҷумлаи пайрави дуввум ба воситаи интонация.
Ҷумлаҳои пайрави сабаб, ки сарҷумларо аз ду тараф шарҳу эзоҳ медиҳанд, метавонанд дар ду тарафи сарҷумла оянд, ва ё яке дар дохили сарҷумлаю дигаре пеш аз сарҷумла ва ё пас аз он ояд:
Чу зӯр аз ман бувад, зар ҳам зи ман шуд,
Чаро к-ин зӯр пайдо карда зарро
(А. Лоҳутӣ. Кул., ҷ. 1, саҳ. 120).
-
Чун ба тоҷикӣ ном надошт, падараш дар худи ҳамон ҷо, ба эътибори ин ки ҳар бор диққӣ карда хеста менишаст, Мирзодиккақ ном ниҳод (С. У., Субҳ. ҷав. мо, саҳ. 42).
-
Ба сабаби ин ки ман ба хизмати ҳукумат даромада, бо садоқат кор карда истодаам, душманонам бисёр шудаанд, зеро дар туман одамоне, ки амирро фаромӯш накардаанд, хеле бисёранд (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 329).
Дар мисоли якум ва сеюм ҷумлаҳои пайрав пеш ва пас аз сарҷумла, дар мисоли дуюм яке пеш аз сарҷумла ва дигаре дар байни аъзоёни он воқеъ гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё