Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан
  1. Ҷумлаи пайрави хилофӣ: Модарам забони русиро нафаҳмад ҳам, лекин зоҳиран ба маънои сухани меҳмон пай бурда буд, ки шармгинона сарашро хам карда, беихтиёр бо рӯмолаш пинҳон намуд (С. У., Субҳ. ҷав. мо, сах. 100). Ин шароит барои мо боб бошад ҳам, розӣ шудани хуҷайни киштидорамон шарт буд, зеро мувофиқи аҳду паймон то охири мавсими киштиронӣ ба вай кор кардани мо лозим буд (Ҳ. И., Ду ёр аз ду диёр, сах. 117).

Баъзан бо пайвандаки шартӣ агар омада ба сарҷумла тобеъ шудани ҷумлаи пайрави хилофӣ дида мешавад: (Табиби фиребгар)—Агар он бемор бимирад ҳам, азбаски ман чӣ хӯрдани ӯро ёфтаам, бемордорон ба ман ихлос мекунанд ва маро бо донишмандӣ меситоянд (С. А., Кул., ҷ. III, сах. 472). Кас агар аз як артел баромада ба дигар артел равад ҳам, рӯзаш беҳтар намешавад, зеро ҳамаи пудратчиён дар бораи музди кори ҳаммолон ҳамаҳду ҳампаймон шудаанд (Ҳ. И., Ду ёр аз ду диёр, сах. 103).

Дар ин ҷумлаҳои хилофӣ роли пайвандаки ҳам хеле калон аст ва дар ҷумлаи пайрави хилофӣ вай қариб ҳамеша пас аз хабари феълие, ки бо аорист ифода ёфтааст, меояд.

  1. Ҷумлаи пайрави натиҷа: Аммо Барот ки он вақт хеле пуркувват буд, бе ҳеҷ тарсу бим ба пешвози барзагов рафта, чолокона аз ҳар ду шоҳи барзагов гирифта, тоб дода бар замин меафтонад, ки баъди ин барзагов дигар аз ҷой бархоста наметавонад, гардани вай аз тобдиҳии ӯ шикаста будааст (Р. Ч., Од. ҷов., к. II, сах. 53).

  2. Ҷумлаи пайрави шартӣ: Ҳоло агар ба аспхонаи колхоз дароед, ҳайрон мемонед, зеро ки вай ба он аспхонаи Тағоймуродбой ҳеҷ монандӣ надошт (Ҷ. И., Шодӣ, сах. 153). Ман агар замини инҳоро намехаридам, аздусар, вайро алаф зер карда мерафт, чунки қуввати худи инҳо ба коридани заминашон намерасид (С. У., Субҳ. ҷав. мо, сах. 341).

  3. Ҷумлаи пайрави андозаву миқдор: Аммо ҳар қадар ки пештар мерафтем, ман маҳюстар мешудам, зеро пардаи шаффофи осмониранг кам-кам аз рӯи кӯҳҳо бардошта ме-шуд ва ман фақат сангу шоҳҳои муқаррариро медидам (С. У., Субҳ. ҷав. мо, сах. 130—131).

  4. Сарҷумларо баъзан аз ду тараф ҷумлаҳои пайрави сабаб эзоҳ медиҳанд. Онҳоро бо ҷумлаҳои пайрави дараҷаи як донистан мумкин нест, чунки ҳар ду ба сарҷумла ба тарз ва воситаҳои махсус тобеъ мешаванд. Онҳо аз ҷумлаҳои пайрави сабаби чида низ фарқ мекунанд, чунки ҷумлаҳои пайрави чида, чандтое ки бошанд, як хел характер доранд, сарҷумларо аз як ҷиҳат эзоҳ медиҳанд ва ё фикри

пешина
аз 109
навбатӣ