Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
Дар мисоли дуюми сарчумла — Тӯта Маша без ба мо ҳам ғамхорӣ ва меҳрубонӣ менамуд, ҷумлаи зиндагии худаш бо ду бача ва бе шавҳар ба сахтӣ мегузашт пайрави хилофи за сағира монда будем пайрави сабаб мебошад.
Аз ин мисолҳо ба хубӣ равшан аст, ки барои сарчумларо аз якчанд ҷиҳат маънидод кардан танҳо аз ду тарафи он омадани ҷумлаи пайрав шарт нест.
Сарчумлаи ҷумлаҳои мураккаби тобеи ҳархеларо, аз як тараф, ҷумлаи пайрави сабаб эзоҳ диҳад, аз тарафи дигар, ҷумлаҳои пайрави зерин шарҳ медиҳанд:
-
Ҷумлаи пайрави мубтадо: Модом ки ӯ нафаҳмида будааст, маълум мешавад, ки гунаҳгор шахси дигар аст.
-
Ҷумлаи пайрави хабар: Азбаски касби ронандагиро дӯст медошт, ягона орзуяш ин буд, ки шофер шавад («Комсомоли Тоҷикистон»).
-
Ҷумлаи пайрави муайянкунанда: «Азбаски мақсади мо як маст шуда базм тамошо кардан буд, ба яке аз «корхона»-ҳои қисми аввал даромада ба айвони болохонаи ӯ, ки нақшин буда, ба тарафи кӯча нигоҳ мекард, ҷой гирифтем (С. А., Кул., ҷ. І, саҳ. 178).
-
Ҷумлаи пайрави пуркунанда: Азбаски ҳар сол каму беш планро пур карда, колхозро бе ҳеҷ шикасте то ба хол гирифта овардааст, вай боварии куллӣ дошт, ки боз дар вақти раисии Шодӣ низ ин ҳол давом хоҳад кард (Ҷ. И., Шодӣ, саҳ. 285). Азбаски ба шеъру адабиёт ва китоб шуғл доштани ӯро шунидааст, мехоҳад, ки шогирди ӯ бошад, аз вай китоб гирад ва ба сӯи илму адаб ба Шамсия раҳнамун бошад (Ҷ. И., Дух. от., саҳ. 240).
-
Ҷумлаи пайрави замон: Вақте ки аз «ҷаноби олӣ» ҷудо шудед, албатта барои шумо Ҷумҳурияти Шӯроии халқии Бухоро беҳтар буд, зеро вай ба мулкияти замину оби шумо даст нарасонда буд (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 429).
Аммо вақте ки мо ба кӯчаи Хӯҷаӯбонӣ баргаштем, якбора ба дилам як воҳима сафтод, зеро ки дар ин кӯча будани девонахонаро шунида будам ва аз девонаю ҷинну паризодагон ибое доштам (Ҷ. И., Тори ан., саҳ. 20). -
Ҷумлаи пайрави мақсад: Азбаски ту имрӯз бо дасти рости худ аз хоби ноз хестаӣ, ба аҳволат мегузорам, то ин ки барои навиштани хат осуда фикр кунӣ (Р. Ч., Од. чов., қ. I, саҳ. 280). Барои он ки чашми одамҳо ба ман наафтад, ман ба деҳа на бо роҳи калон, балки аз қапортар, бо кӯчабоғҳои танг дохил шудам, зеро афту башараи ман аз «мусулмонӣ» дур буд (С. У., Субҳ. ҷав. мо, саҳ. 316).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё