Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
пайрави муайянкунанда — даҳбошӣ, ҷӯрагӯӣ шуда, нону намаки ҷаноби олиро хӯрда гаштаед тобеъ намудааст.
ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ САБАБ ДАР ТАРКИБИ ҶУМЛАҲОИ МУРАККАБИ ТОБЕИ ҲАРХЕЛА
Дар забони адабии тоҷик ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, ки сарҷумларо аз якчанд ҷиҳат маънидод мекунанд, басо серистеъмол мебошанд ва сохти чунин ҷумлаҳо хеле устувор буда, дар онҳо мувофиқи характер ва хусусиятҳои грамматикиашон ҳамаи ҷумлаҳои пайрав ба сарҷумла тобеъ шуда меоянд.
Таносуби истеъмолии ҷумлаи пайрави сабаб дар ин тип ҷумлаҳои мураккаби тобеъ хеле васеъ аст.
Ҷумлаи пайрави сабаб дар ин тип ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ҳам пеш аз сарҷумла, ҳам пас аз он ва ҳам дар дохили аъзоҳои вай меояд, ки ин хусусият на ба ҳамаи ҷумлаҳои пайрав хос аст. Мисолҳо: Ҳар кас, ки худашро таърифу тавсиф кунад, аз он кас даст шӯед, ки почис аст (Ҷ. И., Дух. от., саҳ. 277). Азбаски дар Регистон ва даври арки подшоҳӣ сарбозон посбонӣ мекарданд ва ҳеҷ касро ба донистани номи шаб роҳ намедоданд, маҷбур шуданд, ки аз пушти болои ҳавз, аз гузари Усто Рӯхӣ, Аскарчӣ ва Кофарработ давр зада, аз болои гузари Мирзо Ғафур раванд (С. А., Кул., ҷ. II, саҳ. 176).
Дар ҳар ду мисол ҳам дар зери сарҷумлаҳо, ки дар байни ҷумлаҳои пайрав омадаанд, хат кашида шудааст, дар мисоли якум сарҷумларо ҷумлаи пайрави мубтадо, ки пеш аз он омадааст, на ҷумлаи пайрави сабаб, ки пас аз он омадааст, эзоҳ медиҳанд, дар ҷумлаи дуюм бошад, ҷумлаи пайрави сабаб пеш аз сарҷумла ва ҷумлаи пайрави пуркунанда пас аз он омадааст.
Дар ҳар ду мисол ҳам ҷумлаҳои пайрав аз ду тарафи сарҷумла омадаанд ва ин тарз ба сарҷумла тобеъшавии ҷумлаҳои пайрав хеле маъмуланд. Аммо баъзан ҳар ду ҷумлаи пайрав пеш, ё пас ва ё дар дохили аъзоёни сарҷумла омада, онро чун ҷумлаи чида ва ё дараҷа не, балки аз ду тараф шарҳу эзоҳ медиҳанд. Мисол: Одина се соли пурра дар завод кор кард, ҳарчанд музди хизматаш кам буд, азбаски нахӯрд, напӯшид ва сарфакорӣ кард, ба нияти тӯй чиз посира намуд (С. Л., Кул., ҷ. І. саҳ. 232).
Тӯта Маша, ҳарчанд ки зиндагии худаш бо ду бача ва бе шавҳар ба сахтӣ мегузашт, боз ба мо ҳам, ки сағира монда будем, ғамхорӣ ва меҳрубонӣ менамуд (С. У., Субҳ, ҷав. мо, саҳ. 114—115).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё